Дар Бӯстонлиқ рекорди нави Гиннес гузошта шуд

Дар яке аз осоишгоҳҳои ноҳияи Бӯстонлиқ тавассути офаридани “Калонтарин тасвири эбруи ҷаҳон” бо нишони Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва навиштаҷоти “Ӯзбекистон – 33 соли истиқлолият” рекорди ҷаҳонӣ гузошта шуд.

Дар чорабинӣ ходимони фарҳангу санъати кишварамон, устодони санъати тасвирӣ, намояндагони воситаҳои ахбори оммавӣ, намояндагони созмони «Ginness World Records» иштирок намуданд.

Бино ба таъкиди коршиносон, санъати “Абри Баҳор” ё “Эбру”, ки дар кишвари мо пайдо шудааст, дар рӯи об бо рангҳои махсус кашидани тасвирҳо буда, шаклу ороишҳои ҳосилшуда ба коғаз ё матоъ гузаронида мешаванд. Ба таври комил амалӣ гардидани ин ҷараён аз рассом маҳорат, дониш ва таҷрибаи калон талаб мекунад.

Рекорди нав аз рӯйи тасвири Эбру аз тарафи рассоми ӯзбек, устои санъати Эбру Аҳмад Чоктан, ки дар Туркия зиндагӣ мекунад, гузошта шуд. Паҳноии тасвири дар коғаз чопшуда 1,61 метр ва дарозияш 12,96 метр буда, ҷамъ 20,86 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Рекорди қаблии ҷаҳонӣ оид ба бузургтарин тасвири Эбру (16,5 метри мураббаъ) соли 2009 дар Қатар гузошта шуда буд ва пас аз 15 сол дар Ӯзбекистон ин рекорд нав шуд.

Дар рафти чорабинӣ рассом якҷо бо ёваронаш ин намунаи эҷодро нахуст дар об кашида, сипас дар коғази махсус нусхабардорӣ карданд. Ин равандро коршиносони байналмилалӣ назорат намуданд.

Дар анҷом аз ҷониби созмондиҳандагон ба устои санъати Эбру Аҳмад Чоктан нишони махсусе, ки дар ин самт гузошта шудани рекорди нави ҷаҳониро тасдиқ мекунад, супурда шуд.

Дар доираи чорабинӣ миёни устодони санъати тасвирии Ӯзбекистон бахшида ба истиқлолият ва табиати кишварамон наққошии фазои боз(пленер)-и санъати тасвирии «Субҳи Ӯзбекистони Нав» гузаронида шуд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: