Дар чаҳорчӯби анҷумани II ректорони «Ӯзбекистан - Венгрия» ёддошти ҳамкорӣ ба имзо расид

Ҳоло дар Будапешт форуми II ректорони «Ӯзбекистон — Венгрия» давом дорад. Дар чаҳорчӯби он миёни Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд ва Донишгоҳи Кароли Гаспар ёддошти ҳамкорӣ ба имзо расид.

Ин тафоҳум, ки ба манфиати ҳарду ҷониб аст, ба роҳандозӣ ва рушди табодули академӣ ва илмӣ байни донишгоҳҳо, инчунин амалӣ намудани пажӯҳишҳои илмӣ ва лоиҳаҳо дар ҳамкорӣ равона шудааст.

Барои маълумот: Донишгоҳи Кароли Гаспар соли 1993 таъсис ёфтааст, аммо таърихи он ба соли 1839 рост меояд. Дар соли ҷории таҳсил дар панҷ факултети университет 8600 нафар донишҷӯ мехонанд. Дар 37 кишвари ҷаҳон 158 муассисаи шарики байналмилалӣ вуҷуд дорад. Дар соли хониши 2022/2023 зиёда аз 180 нафар донишҷӯёни хориҷӣ ба донишгоҳ ташриф оварданд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: