Дар Чин бо иштироки 200 мошин садама ба амал омад

Телевизиони марказии Чин хабар дод, ки дар шаҳри Чжэнчжоу, музофоти марказии Ҳенани Чин бар асари тумани шадид беш аз 200 мошин бархӯрд ва дастикам як нафар ба ҳалокат расид.

Ҳодиса субҳи рӯзи чаҳоршанбе дар пули дуҷониба рух додааст. РИА Новости хабар медиҳад, ки теъдоди зиёди мошинҳо ба далели бад будани биниш дар роҳ ба ҳам бархӯрданд.

Яке аз наҷотдиҳандагон, ки дар ҷои ҳодиса кор мекарданд, ба радиои маҳаллии "Ҳенан сзяотун" гуфтааст, ки тибқи тахминҳои аввалия, ба гирдоби садама беш аз 200 мошин афтидаанд.

Ҳоло 11 мошини оташнишонӣ ва 66 наҷотдиҳанда оқибатҳои садамаи бузургро бартараф мекунанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: