Очерк
Солҳои 50-уми асри гузашта барои ободии таҳдашти Музработ мардуми кӯҳистони ноҳияро ба ин дашти сӯхта мекӯчонанд. Дар қатори муҳоҷирони иҷборӣ қиблагоҳи Холиёр Назар низ буд. Аз ин хотир бачагии бебозгашти ӯ дар ин ҷо гузаштааст. Вай таълимгоҳи ҳамагонии ба номи Рӯдакиро аъло хатм мекунад.
Он замонҳо ҳама ба омӯхтани илму дониш хоҳиш, рағбат ва завқи беандоза доштанд. Аҳли хонавода мехостанд ҷигарбанди онҳо хонда, соҳиби маълумоти олӣ гардад. Қиблагоҳаш баъзан дар бораи хислатҳои неки олими заҳматкаш Мулло Эркаев нақл мекард. Ин ҳикоятҳо Холиёри ҷавонро бармеангехтанд, саъй месохт илм омӯхта, пайрави бузургон гардад. Ҳамин тариқ баъд аз хатми таълимгоҳ ба факултаи таърихи Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе дохил шуд.
Холиёри ҷавон пандҳои устодонашро фаромӯш накард, ки мегуфтанд: «Дониш талабу бузургӣ омӯз». Чаҳор сол баҳри андӯхтани асрори илми таърих дар китобхонаҳо рӯзҳоро ба шабҳо мепайвасту шабҳоро ба рӯз. Ӯ дар дил орзу дошт, ки таҳсили хешро идома диҳад. Сари мавзӯи муҳимеро гираду омӯзад ва далелҳои ниҳонмондаи таърихи халқи хешро ба пасояндагон ошкор созад.
Дар анҷоми таҳсил қиблагоҳаш ин дунёи дурӯғинро падруд гуфт. Нақшаҳояш дар ҳаво монданд. Ноилоҷ бо роҳхат ба зодгоҳи бобоӣ баргашт.
Омӯзгор шуд. Бо завқу шавқи зиёд ба шогирдон сабақ меомӯхт. Шогирдон низ дарсҳои устоди ҷавони худро бо рағбати тамом гӯш карда, мунтазам аз худ менамуданд. Дар як даври кӯтоҳ дар таълимгоҳ сафи муаррихони ҷавон зиёд гардид. Роҳбарон пайи ҳалли мушкилоте, ки дар таълимгоҳ пеш меомад, Холиёр Назаровро мутасаддӣ мекарданд. Ин вазифагузориҳои ҷамоаи омӯзгорон бесабаб набуд. Соли таҳсили 1986-ум ӯро мудири қисми илмии таълимгоҳ таъин карданд.
–Ба хоҳишу пешниҳоди аҳли ҷамоа ин вазифаро ба дӯши ман гузоштанд, – гуфт дар оғози суҳбат Х. Назаров. – Бо қатъияти тамом ба кор шурӯъ кардам. Ҳар пагоҳӣ реҷаҳои кории омӯзгорон, дафтари ёддошташонро санҷида, ба дарсҳо иҷозат медодам, бо навбат ба дарсҳои омӯзгорон иштирок карда, услуби сабақомӯзонии онҳоро месанҷидам, баҳо мегузоштам. Пас аз анҷоми дарсҳо бо ҳайъати омӯзгорон дарси онҳоро таҳлил намуда, камбудиҳояшонро ошкоро мегуфтам. Аммо, чунин тартиби кор ба аксар омӯзгорон писанд наомад. Онҳое, ки маро худашон ба ин вазифа пешбарӣ карда буданд, акнун ҷонибдори ман набуданд. Ба он омӯзгороне, ки услуби собиқ мудири қисми илмӣ «ту ба ман нарас, ман ба ту», писанд омада буд, талаботи банда маъқул наафтод. Онҳо ду пойро ба як мӯза ҷо карда «санги ман сад ман» мегуфтанд. Пас аз ин ман ба услуби дигаре гузаштам. Дарсҳоро танҳо худам не, се-чаҳор нафар омӯзгор баробар санҷида, ба муҳокима мегузаштем, ҳар кас андешаҳои хешро мегуфт. Бо ҳамин тартиб корро идома додам. Дар байни омӯзгорон хониши китобҳои бадеиро ба роҳ мондем. Дар тӯли як моҳ омӯзгор мебоист ду асари бадеиро мутолиа кунад. Тавре ки мегӯянд «Ба ҳар коре, ки ҳиммат баста гардад, агар хоре бувад, гулдаста гардад». Таълимро бо чунин усул пеш бурдем. Албатта, ин усул барои донишандӯзии хонандагон аҳамияти басо муҳим дошт.
Он солҳо хоҷагии «Дарбанд» аз нигоҳи иқтисодӣ рӯ ба инқироз оварда буд. Хоҷагӣ аз чорвои калони шохдор, моли реза, асп, ғалладона фоида намедид. Кор дар ҳама ҷабҳаҳо ба ҳар ду по мелангид. Табдили кадрҳо низ натиҷае намебахшид. Ҳукумати ноҳия бо кору бори хоҷагӣ аз наздик шинос шуда, баҳри беҳбудии кор Х. Назаровро котиби ҳизбии ҳоҷагӣ таъин кард. Ин вазифа дар фаъолияти роҳбарии минъбадаи ӯ зинаи аввал буд. Дар ин вазифа чанд муддат кор кард.
Боре дар яке аз ҷамъомадҳои васеи ноҳиявӣ фаъолияти деҳшӯро сахт танқид карда шуд. Дар анҷоми ин ҷамъомад роҳбари аввали ноҳия таклиф намуд, ки ӯ сарварии деҳшӯроро ба зимма гирад. Холиёр Назаров чӣ гуфтанро намедонист. Он замон касе ҳад надошт, ки сухани роҳбари аввалро ду кунад. Ба ҷуз итоат кардан илоҷ набуд. Баъди чанде раиси хоҷагӣ ба нафақа баромаду Холиёр Назаровро ба ин вазифа таъин карданд.
– Замоне, ки ин вазифа бар дӯши ман афтод, давлати пурқудрати шӯроҳо аллакай ба инқироз афтодаву ҷумҳуриҳои тасарруфи он майли хоҳиши худ дар шоҳроҳи таърих асп меронданд, – гуфт Холиёр Назаров. – Аз ҳокимияти ноҳия супориш гирифтем, ки бояд дар минтақаи Саримаск боғ бунёд кунем. Ин амал, воқеан дуруст буд. Тавре ки аз таҷрибаи гузаштагонамон огоҳӣ дорем, дар ин минтақа ба ҷойи ғалла боғ бунёд мекарданд, ё ин ки маҳсулоти полизӣ: харбузаву тарбуз, картошка мекориданд, ки ин ҳам барои кишоварзон ва ҳам барои хоҷагӣ манфиатбахш буд.
Ҳамин тавр, дар зиёда аз 70 гектар картошка ва дар беш аз дусад гектар майдон ниҳоли себ шинонидем. Ин корҳоро ба таври ҳашар иҷро кардем. Он сол, бо вуҷуди кам боридани борон, мо аз ин маҳсулоти кишоварзӣ ҳосили дилхоҳ гирифтем. Яъне таҷриба нишон дод, ки агар ба заминҳои сиёҳхоки Саримаск ба ҷойи маҳсулоти ғалладонагӣ бештар зироатҳои полизӣ ва боғ бунёд карда шавад, ба манфиати кор аст. Ҳоло дар ин минтақа беш аз 2 ҳазор гектар замин мавҷуд мебошад. Агар хоҷагиҳои фермерӣ дар ин заминҳо боғ бунёд мекарданд ё маҳсулоти полизӣ мекориданд, аз ҳар ҷониб манфиат медиданд. Ин муаммо дар ин минтақа то ҳол ҳалли худро наёфтааст. Хоҷагиҳои фермерӣ роҳи осони корро меҷӯянд: ғалла мекоранд ва хасу хошоки онро ба чорводорон мефурӯшанд.
Банда ният доштам, ки аз себзор хосили дилхоҳ бардорем. Вале сад афсӯс, ки ин ҳама кӯшишу заҳматҳои мо барбод рафт. То ҳанӯз ин дар дили ман армон аст.
Баъди ба кор оғоз кардани роҳи оҳани «Тошгузар–Бойсун–Қумқӯрғон» дар гирду атрофи ин шоҳроҳи бузург як қатор иншоотҳои маъмурӣ, истиқоматӣ ва маданӣ бунёд шуданд, ки ин ба беҳ гаштани накӯаҳволии сокинони ин диёр таъсири мусбат расонид.
Чунин иншооти бузург дар атрофи истгоҳи «Дарбанд» низ қад афрохта, ба ҳусни деҳаи таърихӣ ҳусн зам кард. Аз ҷумла бинои мактаби таълими умумии рақами 54-ум. Ин бино диққати ҳар як бинандаро ба худ ҷалб мекунад.
Ҳокими ноҳия супориш гирифт, ки барои сарварии ин таълимгоҳ касеро тавсия намояд, ки вай салоҳияту кордонӣ ва таҷрибаи баланди роҳбарӣ дошта бошад, дар муддати кӯтоҳ гирду атрофи ин таълимгоҳро ба боғу бӯстон табдил дода, дар навбати худ таълиму тарбияро низ ба дараҷаи баланд бардошта тавонад. Ҳокими собиқи ноҳия Э. Бойниёзов, ки аз қобилияти Холиёр Назаров огоҳӣ дошт ва дар ҷодаи омӯзгорӣ низ таҷрибаи кофӣ ғун карда буд, ӯро ба ин вазифа тавсия намуд. Ҳоким Холиёр Назаровро ба назди бинои таълимгоҳ даъват кард. Ҳар ду гирду атрофи таълимгоҳро бо диққат аз назар гузаронида, ҳоким раҳораҳ ба ӯ маслиҳатҳои муфид дод. Ҳамин тариқ Холиёр Назаров баъд аз чандин соли танаффус боз ба кори таълиму тарбия баргашт. Ҳа, воқеан ӯ дар ин давр таҷрибаи зиёди ташкилотчигӣ ва роҳбарӣ андӯхта буд. Ҳамин таҷрибаву қобилияти тӯли фаъолияти ин солҳо ғункардааш барои ободии ин маскан кор дод. Қариб ҳар ҳафта ду бор дар байни ҷамоаи омӯзгорон ҳашар эълон карда, барои тахту ҳамвор намудани қитъаҳои замин ва чидани сангҳо заҳмат мекашиданд. Хонандагони синфҳои болоиро низ ба ин кор ҷалб карданд.
Кор ба ҳамин тартибу маром идома дошт. Дар оғози моҳи ноябр ба ҷамоаи омӯзгорон ва хонандагон эълон шуд, ки ҳар кас аз рӯйи тавонаш барои бунёди боғи мактаб 2-3 бех ниҳоли мевадор орад. Ниҳолҳоро хандақ кофта, дар он ғун мекарданд. Пеш аз шинондани ниҳолҳо заминро ба қитъаҳо тақсим карда, дар саргаҳи ҳар кадоми он ному насаби мутасаддиро сабт намуданд. Дар охири моҳи декабр ба шинонидани ниҳолҳо шурӯъ карданд. Сарвари мактаб илова бар он дар таълимгоҳ ду гармхона ташкил карда, дар он донакҳои дарахтони сараи мевадорро пошид. Дар хандақҳо аввали баҳорон ниҳолҳои навбари чормағз, зардолу, бодом чун дастагул қад кашида, ба дили кас як ҷаҳон орзуву умед мебахшиданд.
Баъди як сол ҷамоаи омӯзгорон бо роҳбарии Холиёр Назаров дар қитъаҳои пешакӣ тақсимшуда, кӯчатҳои ниҳолони навбарро шинониданд.
–Овозаи гармхонаи мо ба деҳа паҳн гашт, – гуфт Холиёр Назаров. – Пас аз ин бо қарори иттифоқи касаба як қисми ниҳолҳоро ба сокинон фурӯхта, маблағи онҳоро барои таъмири мактаб ва дигар тадбирҳои ҷашнӣ харҷ кардем. Ҳамин тариқ дар гармхона беш аз 8 ҳазор бех ниҳолҳоро парвариш карда, як қисми онҳоро фурӯхтем ва беш аз 2 ҳазор бех ниҳолро пайванд намудем.
Мавсими соли чоруми хониш буд. Рӯзе тасодуфан ҳокими ноҳия ба ҳузури мо омад. Бо фаъолияти мо аз наздик шинос шуда, ба аҳли ҷамоаи омӯзгорон миннатдорӣ баён карда, таъкид намуд, ки корро бо чунин тартиб идома диҳем. Баъди ду рӯз мудирони шуъбаҳои таълими халқи вилоят ва ноҳия ба мактаби мо омада бо корҳои таълим ва ободиҳо аз наздик шинос шуданд. Пас аз ин таълимгоҳи моро аз ҷумлаи мактабҳои беҳтарини вилоят эълон намуданд. Бояд қайд кард, ки то ин дам 12 нафар хонандагони таълимгоҳи мо дар олимпиадаҳои ноҳия ва вилоят ҷойҳои сазоворро ба даст оварда буданд. Соли 2013-ум дар мактаб семинари машваратии вилоятӣ гузаронида шуд. Бо ҳамин шуҳрати мактаби 54-ум дар ноҳия ва вилоят паҳн гардид.
Соли 2016-ум раиси маҳаллаи Сангчил, ҳоло он Дарбанд номгузорӣ шудааст, барои аз вазифа сабукдӯш кардани хеш ба ҳокимияти ноҳия ариза дод. Ин вазифаро ҳеҷ кас ба дӯш гирифтанӣ набуд. Сабаб: кор душвор, маҷлису талабот аз ҳад беш. Ҳама фаъолон дар ҳайрат буданд. Маслиҳатгарон, ба қавле фол мекушоданд. Вале ин вазифаи басо душвору пурмасъулиятро ҳеҷ кас ба дӯш гирифтан намехост. Дар ниҳояти кор як гурӯҳ пирони маҳалла номзадии Холиёр Назаровро маъқул дониста, бо ӯ дар ин бора маслиҳат карданд. Буду шуди гапро ба вай изҳор намуданд. Холиёр Назаров ба машваратчиён «дар ин бора фикр бояд кард» – гӯён кӯтоҳ ҷавоб дод. То интихобот рӯзҳои бошумор монда буд. Он рӯзҳо Холиёр Назаров дар банди андеша монд. Бо аҳли ҷамоаи мактаб хеле унс гирифта буд, ҳамаи корҳо хуб анҷом мепазируфтанд. Дар шӯъбаи таълими халқи ноҳия ҳама ӯро ҷонибдорӣ мекарданд. Дудила шуд. Агар гуфтаи машваратчиёнро ду кунад, онҳо дар бораи ӯ чӣ фикр мекунанд. Як пагоҳӣ чун ҳарвақта бармаҳал ба мактаб омад. Дигарон низ паси ҳам омаданд. Мудири хоҷагӣ ба утоқи кории ӯ даромада, дурудароз ба ӯ нигоҳ карду пасон:
–Устод, мегӯянд, ки шуморо раиси маҳалла интихоб мекардаанд, оё ин гапҳо рост аст?
–Муаллим, мардум чиҳо намегӯянд. Маро дар рӯ ба рӯятон дида истодаед. Ҳоло ба ҳеҷ куҷо нарафтаам, – гӯён ҷавоб дод директор.
–Раисиро қабул накунед, мактаб ҷойи хуб, маошатон низ бад нест. Дар маҳалла кулли ташвиши одамон ба сари шумо меафтад.
–Хайр, дар сарнавиштамон чӣ бошад, ҳамонро хоҳем дид. Барои ғамхориатон ташаккур, – гуфт Холиёр Назаров.
Рӯзи дигар ӯро ба ҳокимият даъват намуда дар ин бора дурудароз суҳбат карданд. Дар охир гуфтанд, ки ӯ номзадии хешро дар интихоботи раиси маҳалла пешбарӣ кунад.
– Дар интихобот маро бо як овоз ба маснади раиси ҷамоати маҳалла интихоб намуданд, – гуфт Х. Назаров. — Ба қавле ҷойи гарми худро монда ин вазифаро ба дӯш гирифтам. Намояндагони ҳокимияти ноҳия аз ин ҳайрон шуда: –Шумо маро мардум ҷонибдорӣ нахоҳанд кард, гуфта будед. Қариб 100 фоиз ба тарафдории шумо овоз доданд. Инро чӣ хел фаҳмем?
– Чӣ хеле ки хоҳед, ҳамон сон фаҳмед, – гуфтам бо табассум.
Воқеан ташвишу тараддуди маҳалла, ба қавле аз мӯйи сар низ зиёд будааст. Маҳалла идора надошт. Идорае, ки замоне дар он кор пеш мебурдем, дар поёни деҳа ҷой гирифта буд. Сокинон барои як маълумот ё ҳуҷҷат гирифтану супоридан овораву сарсон мешуданд.
Фаъолияти кории Холиёр Назар аз сохтани идора оғоз шуд. Баъд аз маслиҳату машваратҳои зиёд қарор гардид, ки идораи маҳалла дар назди мактаби рақами 10 сохта шавад. Тадбиркори соҳибтаҷриба Ҷумъақул Қурбонмуродов ин корро ба дӯши худ гирифт ва онро дар шафати мактаби ҳамагонии рақами даҳум бунёд кард.
–Муаммоҳои деҳа чунон зиёд буданд, ки барои ҳаллу фасли онҳо вақти бисёр лозим буд, – мегӯяд Х. Назаров. – Як пагоҳӣ ба идора омада, корҳои минбаъдаро ба коғазе ёддошт мекардам, ки аз деҳаи Коскак Ҷумъа Эсанқулов ном шахс даромада омад. Баъди ҳолпурсӣ ба арзу шикоят гузашт. Мегуфт, ки бояд дар деҳаи Коскак бинои мактаби ибтидоӣ сохта шавад. Агар иҷрои ин корро ба зимма нагирад, ӯ ҳатман ба идораҳои болоӣ муроҷиат мекунад.
Талаби вай хеле дуруст буд. Ман ҳамчун раиси ҷамоати маҳалла аз ин муаммо бохабар будам. Ӯ борҳо дар ин бора арзу дод карда буд. Чанд моҳ қабл аз ин ҳокими ноҳия дар яке аз маҷлисҳои васеъ ваъда дод, ки агар маҳаллае ҳамаи навъҳои андозро сари вақт супорад, барои ҳалли муаммоҳои он аз буҷаи ҳокимият маблағ ҷудо карда мешавад. Маҳаллаи мо ҳамон шабу рӯз дар байни маҳаллаҳои ноҳия ҷойи аввалро ишғол мекард. Ҳамин гуфтаҳои ҳоким ба ёдам расиду ба дигарон супориш дода бо Ҷумъа Эсанқулов рост ба қабули ҳоким рафтем. Хушбахтона, ҳоким моро зуд қабул кард. Буду шуди гапро ба ӯ дукаса арз кардем. Ӯ гапи моро бо таҳаммул гӯш карда, гуфт, ки зуд бо лоиҳачиён дар ин бора маълумот диҳем. Лоиҳасозон чун корро ба охир расониданд, барои сохтани ин мактаб маблағ ҷудо карда мешавад.
Ҳамон рӯз мувофиқи супориши ҳоким аз пайи кор шудем. Лоиҳаро дар як рӯз тайёр карданд. Рӯзи дигар лоиҳаи тайёрро бо мутасаддиён ба назди ҳоким овардем. Ҳоким онро дида, маъқул шуморид ва ба ман супориш дод, ки аз ҳисоби устоҳои маҳаллӣ корро оғоз кунем. Корро ба таври ҳашар сар кардем. Масолеҳи бинокорӣ аз ҳисоби буҷаи маҳаллии ноҳия дода шуд. Қувваи корӣ аз ҷониби мо сафарбар гардид. Бо ҳамин тартиб дар муддати ду моҳ мактаби ибтидоиро иборат аз чаҳор синфхона сохта, ба истифода додем.
Суҳбати мо бо раиси ҷамоати маҳаллаи Дарбанд Холиёр Назаров ба Иди истиқлоли кишвар ва боз 60-солагии ӯ рост омад. Аз ин хотир ба ӯ дар ин мавзӯъ чанд суол додем.
–Аввало, Ҷашни истиқлоли Ватани азизамон ва баъдан шумо ба синни нафақа расидед, ҳар ду муборак шавад.
–Ташаккур, бародари азиз! Аввалин шахсе, ки маро бо Рӯзи истиқлолият ва боз бо синни 60 табрик мегӯяд, шумоед. – Ман ҳеҷ гумон намекардам, ки умри инсон ин қадар зудгузар аст. Дирӯз, гӯё ҷавони навхат будему ба давраҳо даромада бо рақибон қувваозмоӣ мекардем. Умр, воқеан чун оби дарё мегузаштааст.
Зиндагӣ аслан аз ғаму шодиҳо иборат будааст, бародар! Чун наздикону қарибон бармаҳал аз олам гузаранд, кас сахт ғам хӯрда, азият мекашидааст. Яку ним сол қабл аз ин, вақте ки бародари баҷону дил баробарам Қиёмиддин ногаҳон аз дунё гузашт, ин ҳодиса ба ман сахт таъсир кард. Баъзан дар танҳоӣ сарнавишти ӯ пеши назар меояду дилам аз ғаму андӯҳ заъф мекунад.
Илоҳо, ба истиқлолияти кишварамон чашм нарасад, Ватанамон беш аз пеш ободу зеботар шавад, халқамон серу пур бошад.
Ҷашни истиқлол ба аҳли кишвар муборак бод!
– Барои суҳбати самимӣ ташаккур.
Нуралӣ РАҶАБ.
Вилояти СУРХОНДАРЁ.