Духтарон таҳти парвариши падару модар ба воя расида, вақте ки ба шавҳар мебароянд, риштаи ҳаёташонро дар куҷо бо кӣ идома медиҳанд, намедонанд.
Духтарон таҳти парвариши падару модар ба воя расида, вақте ки ба шавҳар мебароянд, риштаи ҳаёташонро дар куҷо бо кӣ идома медиҳанд, намедонанд. Беҳуда духтарро ба санги фалахмон монанд намекунанд. Ба куҷо ҳаво диҳанд, дар ҳамон ҷо мемонанд.
Камина дар вилояти дурдасти Бухоро таваллуд ёфта бошам ҳам, ситораамон бо Дониёр Исмоилови чустӣ рост омада, ҳаётамро бо вай пайвастам. Дар Чуст оилаи Исмоиловҳо маро хуш пазируфтанд. Аз байн муддате гузашта, кӯшиш намудам дар ягон ҷо фаъолияти меҳнатиамро идома диҳам. Аз синни мактабхониам ба касби рӯзноманигорӣ шавқи баланд доштам, бе ҳеҷ дудилагӣ роҳи идораи Ширкати телевизион ва радиои вилояти Намангонро пеш гирифтам.
Дар вохӯрии аввалин бо раиси телерадиокомпания, журналисти соҳибтаҷриба Муҳаммадҷон Мақсудов суҳбатамон қӯр гирифт. Раис ҳар як эрод ва андешаҳоямро бо диққат гӯш кард.
– Ба идораамон бо нияти нек кор карданро ихтиёр карда омадед, албатта ба кор қабул мекунем, – гуфт М. Мақсудов.
Аз рӯзи нахустини фаъолияти меҳнатиам бо кормандони телерадио забон ёфта ба эҳтироми ҷамоа сазовор гаштам. Якчанд барномаи муаллифиро ба роҳ монда аз дили тамошобинон ҷой гирифтам.
Соли гузашта дар арафаи 27 июн – Рӯзи ходимони матбуот ва расонаҳои ахбори оммавӣ маро ба вазифаи котиби дафтари матбуоти ҳокимияти ноҳияи Чуст даъват карданд. Ҳар рӯз ба маркази вилоят ба кор рафта омадан осон набуд. Гоҳ-гоҳ шабона бевақт ба хона меомадам.
Дар вазифаи котиби дафтари матбуоти ҳокимияти ноҳия ба фаъолият шурӯъ кардан барои журналистоне, ки дар ягон рӯзнома, телевизион ва радио адои вазифа карда таҷрибаи бое пайдо кардаанд, хеле осон ва басо шавқовар аст. Фақат аз онҳо ҳар як мавод, навгонӣ, муждаеро, ки дар ҳудуди ноҳия сурат мегирад, дарҳол ба рӯзномаи ноҳия, вилоят, телевизион ва шабакаи интернет роҳӣ карданро металабад. Инчунин, сокинони ноҳия борҳо бо муаммо ва саволҳо муроҷиат мекунанд. Ба онҳо сари вақт ҷавобҳои холисона гуфтан лозим меояд. Ин аз ҳар як котиби дафтари матбуоти ноҳия ташаббускор ва фаъол буданро металабад.
Аз фурсат истифода бурда, тамоми ходимони матбуот ва воситаҳои ахбори оммавии ҷумҳуриро бо иди касбиашон муборакбод менамоям.
Ҳулкар ИСМОИЛОВА,
котиби дафтари матбуоти ҳокимияти ноҳияи Чуст.
Вилояти НАМАНГОН.