Дар ДДТС ҷарроҳии кӯчондани ҷигар анҷом дода мешавад

Ҳайати Донишкадаи давлатии тиббии Самарқанд ба Туркия ташриф оварда, дар бораи ҳамкорӣ бо ширкати «MLP Care» оид ба кӯчонда гузарондани ҷигар дар Самарқанд ба созишнома имзо кард.

 Дар доираи созишнома мутахассисони туркӣ барои кормандони клиникаҳои донишкадаи тиббӣ дарсҳои маҳорат ва курсҳои такмили ихтисос оид ба трансплантатсияи ҷигар ташкил мекунанд.

Инчунин, ҷорӣ кардани технологияҳои баланд ва усулҳои табобат дар Самарқанд, инчунин тайёр кардани кадрҳои баландихтисос барои низоми нигаҳдории тандурусии тамоми вилоят пешбинӣ шудааст. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: