Дар деҳаи дурдаст корхонаи нав ба кор дароварда шуд

Президент Шавкат Мирзиёев 17 июн ба вилояти Андиҷон омад.

Президент Шавкат Мирзиёев 17 июн ба вилояти Андиҷон омад.

Маҳаллаи Қӯғайи ноҳияи Избоскан яке аз нуқтаҳои аҳолинишини дурдасттарини вилоят мебошад. Ба шарофати муҳити мусоиди соҳибкорӣ саноат ба ин ҷо меояд, ки дар таъмини шуғли аҳолӣ мусоидат мекунад.

Чанде пеш дар маҳалла аз ҷониби кластери "Соҳиб омад баракаси" корхонаи дӯзандагиву трикотажии «And gold» ташкил карда шуд.

Сарвари давлат бо фаъолияти ин фабрика шинос шуд.

Дар доираи лоиҳаи арзишаш 2,5 миллион доллари ИМА бинои нав сохта, таҷҳизоти муосир насб карда шуд. Иқтидори солонаи корхона 3,5 миллион мақсулоти трикотажии тайёр дар як сол мебошад. Корхона ба нақша гирифтааст, ки тамоми ҳаҷми маҳсулотро содир намояд ва ният дорад, аз ҳисоби ин дар як сол беш аз 5 миллион доллар фоида ба даст орад. Аллакай бо Чин ва Русия барои расонда додани ришта шартномаҳо имзо шудааст.

Дар ҳоли ҳозир дар ин корхона 830 нафар занон кор мекунанд. Президент бо онҳо суҳбат кард.

-- Ба шумо эҳтиром ва муҳаббати худро изҳор мекунам. Шодам, ки шумо дар деҳаи худ кор пайдо кардед. Кай дар Избоскан чунин як корхонаи замонавӣ вуҷуд дошт? Мо ин корро идома хоҳем дод, барои занону духтаронамон тамоми шароитҳоро муҳайё хоҳем кард. Агар зан коре дошта, табъаш болида бошад, оилаи ӯ хушбахт хоҳад буд», -- гуфт Шавкат Мирзиёев.

Пас аз ба кор даровардани корхона 1200 нафар сокинони ин деҳаи дурдаст бо кори доимӣ таъмин карда мешаванд.

Инчунин дар ин ҷо оид ба чораҳои рушди соҳаҳои саноат дар вилояти Андиҷон маросими тақдимот ба амал омад.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: