ДАР ДЕҲОТ «ПОЛИКЛИНИКАИ ЭЛЕКТРОНӢ» БА РОҲ МОНДА ШУД

Имрӯзҳо ибораи «Поликлиникаи электронӣ»-ро зуд-зуд мешунавем.

Мувофиқи маълумотҳо поликлиникаҳои мазкур имконияти кор бо картаи амбулатории электронӣ, ба тарзи онлайн аз хона ба қабули шифокор навиштан ва гирифтани хидмати тиббии қулайро доранд.
– Дар соҳаи андоз рақами индентификатсионии шахс (ИНН)-ро ҳама хуб медонад, –  мегӯяд ҷонишини саридораи ҳифзи тандурустии вилояти Қашқадарё Шералӣ Нурматов. – Ин самт ба ҳаёти ҳаррӯзаи мо қулаиҳои бисёре фароҳам овард. Тавассути поликлиникаи электронӣ низ доир ба саломатии шаҳрванд ҳамаи маълумотҳо дар базаи электронӣ ҷамъ мегарданд. Масалан, маълумотҳо доир ба гурӯҳи хун, дар хурдӣ ба чӣ гуна касалиҳо дучор шудааст, аз чӣ аллергия дорад, муолиҷаҳои ӯ дар ин пойгоҳ акси худро меёбанд. Шифокор то омадани бемор бо маълумотҳои вобаста ба ӯ ошно мегардад. Ин дар навбати аввал, ба коғазбозиҳои беҳуда, ки вақти зиёдатиро мегирифт, барҳам дода мешавад, сифат ва самарадории хидмати тиббӣ зиёд мегардад. Бо мақсади ба роҳ мондани сохтори мазкур барои беҳтар намудани сифати интернет, бо технологияи ахбор таъмин намудани муассисаҳои тиббӣ чораҳо андешида мешаванд.
Дар оянда рақами электронии тиббиамон чун ИНН дар ҳаёти ҳаррӯзаамон бешубҳа, мавқеи муҳимро ишғол менамояд. Алҳол дар шаҳри Қаршӣ ва ноҳияи Китоб ба ин самт қадами аввал гузошта шуд. Инчунин, дар поликлиникаи оилавии 52-юми ҳудуди маҳаллаи Амонтеппаи ноҳияи Қаршӣ низ доир ба ҷорӣ намудани ин самт як қатор корҳо ба амал бароварда шуданд.
– Замони рушдёфтаистода тақозо менамояд, ки хидмати тиббӣ низ ба талабот ҷавобгӯ бошад, – мегӯяд саршифокори муассисаи мазкур Дилфуза Ҷӯраева. – Аввало бинои поликлиникаамон аз нав таъмир гардида, бо технологияи ахбору коммуникатсия, ҷиҳоз ва ускунаҳои замонавӣ таъмин карда шуд. Ба такмили ихтисоси ходимон эътибори алоҳида дода шуд. Алҳол оид ба такмил додани пойгоҳи электронии маълумоти тиббии аҳолии ҳудудҳо кор бурда истодаем.
Дар маҳаллаҳои Амонтеппа, Қовчин, Янги ҳаёт, Ширкент 16 ҳазору 580 нафар аҳолӣ истиқомат мекунад ва созмон додани пойгоҳи электронии онҳо кори осон нест, аз ҳар як ходими поликлиника масъулиятнокиро талаб мекунад.
Қайд намудан ҷоиз аст, ки дар муассисаи тиббии мазкур шуъбаи ёрии таъҷилӣ, хонаи маслиҳат барои бонувон, хонаи саломатӣ барои духтарони ҷавон, шуъбаи ташхисгузорӣ, шуъбаи рӯзона, дорухона, инчунин гинеколог, ҷарроҳ, стоматолог барин мутахассисони соҳа фаъолият нишон медиҳанд.

Ӯ.БАРОТОВ,
ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: