Чунин иброз доштанд шоирони панҷакентӣ, аз ҷумла Исмоил Зарифӣ, ки чанде пеш меҳмони шаҳри бостонии мо буданд.
Чунин иброз доштанд шоирони панҷакентӣ, аз ҷумла Исмоил Зарифӣ, ки чанде пеш меҳмони шаҳри бостонии мо буданд.
Воқеан, Исмоил Зарифӣ шоирест, ки дар байни мухлисон бештар шӯҳрат дошта, муаллифи қариб 40 китоб аст.
– Шеъри нахустинам солҳои мактабхонӣ рӯйи чопро дид, – гуфт Исмоил Зарифӣ. – Шояд рӯҳи поки Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ мададгор аст, ки замини Панҷакент шоирхез буда, бисёрии онҳо машҳури ҷаҳонанд. Масалан, шоири зиндаёд Лоиқ Шералӣ, ки дар олами назм маҳбубияти хосса дорад. Таъкид кардан ҷоиз аст, ки ӯ ҳам ба маркази тамаддуни тоҷикон – Самарқанди қандманд ва Бухорои шариф меҳру муҳаббати беандоза дошт. Ҳамдиёри ман ба ин ду шаҳр бахшида чанд шеър навиштааст.
– Муҳити адабии Самарқандро чӣ хел арзёбӣ мекунед?
– Самарқанд маркази тамаддуни Шарқ буд, ҳаст ва хоҳад монд. Қабл аз ба Самарқанд омадан меҳмони шоири бухороӣ Асад Гулзодаи 85 сола шудам. Мӯйсафед ба синни мубораки худ нигоҳ накарда, ҳамон саргарми эҷод. Ҳоло дар Бухоро ғайр аз ӯ ва Ҳадя дигар эҷодкорон ба назар намерасанд.
Аммо дар Самарқанд муҳит дигар аст. Хурсандии мо аз он мебошад, ки дар назди шуъбаи вилоятии Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон бахши тоҷикӣ таъсис ёфта, шоирону нависандагон зуд-зуд ҷамъ меоянду табодули афкор мекунанд. Роҳбари он Асадуллоҳ Исмоилзода иттилоъ дод, ки дар вилоят беш аз 50 нафар қаламфарсои тоҷик ҳаст. Аллакай аксарияти онҳо ду-се асари худро чоп кардаанд. Боиси ифтихор аст, ки Салим Кенҷа, Адаш Истад, Ҳазрат Сабоҳӣ, Ӯктам Иброҳим, Маҳбуба Неъматзода, Нормурод Каримзода, Баҳодури Убайдуллоҳ, Бахтиёри Ҷумъа, Аслиддин Қамарзода, Дилшоди Фарҳодзод, Солеҳи Саид Мурод, Маҳбуба Турсунова, Абдурасул Иброҳимзода, Тошқул Азимзода, Хоҷа, Фаридуни Фарҳодзод ва дигарон бо эҷодиёти худ ба рушди адабиёти тоҷик дар муҳити адабии Ӯзбекистон саҳми арзанда гузошта, рӯҳи поки Ҳабиб Юсуфӣ, Фазлиддин Муҳаммадиев, Болта Ортиқов, Ҳасан Ирфон, Наримон Бақозода ва даҳҳо тани дигарро шод мегардонанд.
Мо бастаҳои «Овози Самарқанд»-ро варақ зада боварӣ ҳосил кардем, ки нашрия ба тарбия ва рӯҳбаланд сохтани навқаламон саҳми муносиб мегузорад. Боз як хурсандӣ он аст, ки дар назди Донишгоҳи давлатии Самарқанд маҳфили адабии «Қофилаи Рӯдакӣ» фаъолият доштааст.
– Боз чӣ гуфтаниҳо доред, устод?
– Аз роҳбарони ду давлат сипосгузорам, ки гузаргоҳҳоро боз карданд. Хурсандии мардумро ба тасвир кардан қалам оҷиз аст.
Пас аз ба Самарқанди бостонӣ омадан, мо аз он шод гаштем, ки шаҳр ба маънои том ба макони сайёҳон табдил ёфта, кӯчаҳо равон, шабҳо фурӯзон, дар хиёбонҳо дарахту гулбуттаҳо бисёр.
Хулоса, шаҳри бостонӣ ҷавону зеботар шудааст. Илҳоми камина ҷӯш зада, чанд шеър эҷод намудам, ки пешкаши самарқандиён менамоям.
– Ҳоло шумо дар олами назм сабк ва услуби худро соҳиб ҳастед. Ба навқаламон чӣ маслиҳат медиҳед?
– Фарзанди фарзонаи Тоҷикистон Абдулло Қаҳҳор дар мақолаи «Шеър – санъати олӣ» чунин навиштааст: «Шеър аз ҷиҳати ҷавҳари фикр будани худ ҳикмат асту аз ҷиҳати ба дил роҳ ёфтан ва дар дил садои ҳамоҳанг ангехтани худ мусиқӣ!
Шеър — оҳи ишқ, ашки мусибатзада, қаҳқаҳаи саодат ва сурур.
Шеър оинаи дил аст, ки дунёи дил дар он инъикос меёбад.
Шеър – тифли масъум, риёро намедонад. Ҳар ҷо, ки риё ҳаст, шеър нест. Шеър – мӯъҷиза. Асрори ин эъҷозро дарёфтан кори ҳар кас не. Барои ин зеҳн, сабр ва боз чизе мебояд».
Шоирӣ ба андешаи шоири шаҳир Бозор Собир баробар ба оҳангарист, баробар ба кафшергарист, баробар бо деҳқонист. Мазмун, ин кори осон нест ва шахсе, ки ҳунари шоириро касб намудааст, лозим меояд, ки мисли кафшергар ҳарфро бо ҳарф гарм бигудозад, мисли оҳангар суханро обу тоб диҳад ва мисли деҳқон дар замини шеър арақи ҷабин резад, ки орзуяш ҷомаи амал пӯшад.
Воқеан, гуфтани шеъри баланду мӯҳкам аз кас пайваста меҳнату машқ, ҷустуҷӯҳои эҷодӣ, хаёлпардозиҳои латифу зебо, истифода аз қудрати лафзи шево, дилнишин ва бойи тоҷикиро талаб мекунад.
Хуллас, бисёр мутолиа, шеър аз ёд кардан, шабзиндадорӣ кардан лозим. Шеър аз баҳри мардумон гӯянд, на аз баҳри хеш…
– Таманнои шумо?
– Дар дилам меҳри хосса дорад Самарқанди қандманд, мардуми сарбаланди он. Шоире гуфтааст:
Дило, санҷида шуд ҳар фан, бузургон дар Самарқанд аст,
Хушандому парирӯ,
нозанинон дар
Самарқанд аст.
Суҳбаторо
Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори
«Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.