Он рӯзи даҳшатзо хурду калони деҳа ашки сӯгворӣ рехтанд.
Ин мулки ҷаҳон ба кас
намонад ҷовид,
Рафтанду равему боз оянду
раванд.
(ХАЙЁМ).
Он рӯзи даҳшатзо хурду калони деҳа ашки сӯгворӣ рехтанд. Ҳама таассуф мехӯрданду вуҷудашонро дарду алам тазйиқ медод. Ногаҳонӣ, бемаҳал аз байн рафтани як инсони арзанда, покдилу нексиришт, омӯзгори варзида Масъуд Абдуллоев барои ҳама сахт аламангез буд. Ӯ акнун 48-сола мешуд, бисёр орзуҳои ширину бепоён дар дил дошт. Орзуи онро дошт, ки камоли фарзандонро бинад, набераҳоро соҳиб гардаду онҳоро гарм ба оғӯш гирад. Яккаписараш Фаррух хатми магистратура кунаду чун бобои пурдидааш – Аҳмади Абдуллоҳ аз паи илм рафта, дар ин ҷода зинаҳои баландро тасарруф намояд. Бале, ӯ мехост чун омӯзгори тоифаи олӣ боз ҳам бештару беҳтар фаъолият нишон дода, шогирдони асилро тарбият намояд. Ният дошт таърихи зодгоҳаш, аҷдодонашро омӯхта, китобе ба ёдгор таълиф намояд. Вале сад афсӯс, ки дасти аҷал нагузошт, ки орзуҳояш ҷомаи амал пӯшанд, падару модари солхӯрда дилчоку фарзандонаш ночору ҳайрон монданд. Қалби падари солхӯрда, олими закитаъб сахт шикаст хӯрд.
– Писарам, писари номуродам, нури дидагонам, – гуфта ашки сӯзон рехтани мӯйсафед дили ҳозиринро сахт ба изтироб меовард. Шогирдони мактабиаш низ аз пайи тобути устоди хеш ашкрезон қадам мегузоштанд. Ҳа, он рӯз деҳа саросар мотам дошт. Ин лаҳзаҳо байти шоир ба хотир мерасад, ки барҳақ фармудааст:
Ба пирӣ мерасад хори биёбон,
Вале чун гул ҷавон гардад,
бимирад.
Омӯзгори тоифаи олӣ, устоди садҳо ҷавонон Масъуд Абдуллоев овони кӯдакӣ, мактабхонӣ ва таҳсилоти олиро дар Душанбешаҳр гирифта буд. Ӯ дар оилае ба дунё омад, ки он ҷо фазои илмиву фарҳангӣ басо мусоид буд. Падар – олими маъруфи адабиётшинос, доктори улуми филологӣ Аҳмад Абдуллоев ба тарбияту камолоти фарзандонаш эътибори ҷиддӣ медод. Китобхонаи бойи падар барои фарзандон хазинае буд бебаҳо. Ва Масъуд низ дар чунин як муҳити хуби оилавӣ камол ёфт. Аввал факултаи таърихи донишгоҳро хатм кард, сипас факултаи иқтисодиётро низ ба таври таълими шабона хатм намуда, соҳиби ду диплом гашт. Азбаски шавқи омӯзгорӣ ғолиб омад, ба ватани падариаш баргашта, дар мактаби деҳ ба касби омӯзгорӣ пардохт. Ва бисту се сол дар ин ҷода шарафмандона кору фаъолият нишон дод.
Ҳамчун педагоги асил, роҳбари синфи масъулиятшинос падару модарон, ҷамоаи омӯзгорон, шогирдонаш сахт дӯст медоштанд ва эҳтиром мегузоштанд. Ӯро ҳамеша дар ҳалқаи шогирдон медидед, бо онҳо кор кардан, чизеро омӯзонидан барояш шараф буд. Дар аксар тадбирҳои мактабӣ М.Абдуллоев баромадҳои муассир мекард. Шабнишинҳо, баҳсҳои илмӣ бе иштироки ӯ намегузашт. Истеъдоди худододи забондониаш ҳамаро дар ҳайрат мегузошт. Ӯ бе ягон мамониату душворӣ ба забонҳои ӯзбекӣ, русӣ ва англисӣ ҳарф зада метавонист. Муҳимаш бачаҳоро дӯст медошт, ба хонаи ҳар як шогирдаш ташриф оварда, бо волидайн доири бурду бохти фарзандаш суҳбат меорост.
Натиҷаи меҳнати софдилонааш буд, ки имрӯз даҳҳо дастпарваронаш аз пайи устод рафта шогирди мактаби олӣ ҳастанд.
– Шодравон муаллими фидоӣ, масъулиятшинос ва накӯкор буд. Боре ҳам аз забони ӯ сухани бад нашунидаам. Батамкин, нарм ва пурмаъно сухан мегуфт. Ҳар як супоришро аниқ ва бетаъхир иҷро мекард. Ӯ ба маънои томаш муаллими асил ва донишманд буд. Сад афсӯс, ки марги нобаҳангом ҷамоаи моро аз чунин як инсони аҷиб ҷудо сохт. Ёди ӯ дар қалбҳо абадӣ хоҳад монд, – мегӯяд бо таассуф директори мактаб П.Мамараҳимов.
Фалсафаи зиндагӣ чунин аст. Инсон ба ҳаёт меояд ва вақташ ояд онро тарк мегӯяд. Ба фикри мо, одам умри дароз бинаду вале бемаънову беманфиат бошад, он хушбахтӣ ҳисоб намеёбад. Вале шахс дар умри кӯтоҳи худ дар зиндагӣ аз худ нақши неке гузорад, бо кору фаъолияти хубаш, ба хислатҳои ҳамидаи инсониаш номашро ба некӣ сабт намояд, он аст хушбахтии ҳар як фард. Ва бояд тазаккур дод, ки шодравон Масъуд Абдуллоев гарчи умри дароз надид, вале зиндагии пурбаракоту пурмаъно дошт. Бо ҳама фаъолияту хислатҳои беҳини инсониаш дар дилу дидаҳо абадӣ ҷо гирифт. Худованд қабрашро маъмуру охираташро обод сохта бошад. Анҷоми сухан гуфтанием:
Дар гулистон на баҳору на
хазон мемонад,
Самари умри ту некист,
ҳамон мемонад.
Раҳматуллоҳи
ШОҲИМАРДОН.
Ноҳияи Бойсуни
вилояти Сурхондарё.