ДАР ДИЁРИ ГУЛҲО БОЗ ИДИ НАФОСАТУ ЗЕБОӢ

Ҳар як намангонӣ имрӯз ҳаёташро бе гул тасаввур карда наметавонад.

 Ягон хонадон, корхона ва муассисае нест, ки дар гирду атрофи он гул парвариш карда нашавад. Дар ҳар кӯчаву гузари вилоят парвариши гул хуб ба роҳ монда шудааст. Беҳуда Намангонро диёри гулҳо нагуфтаанд.
Сол то сол намуди гулҳое, ки дар вилоят парвариш мекунанд, зиёд мешавад. Ҳатто навъи гуногуни гулҳоро аз хориҷ оварда парвариш мекунанд.
Соли ҷорӣ дар 61-умин фестивали гулҳо ғайр аз корхона ва муассисаҳои вилоят зиёда аз 300 нафар гулпарварони маҳаллӣ бо 51 навъи гул иштирок мекунанд.
Ҳар сол нафақат иштироки меҳмонони маҳаллӣ, аз вилоят ва ҷумҳуриҳои ҳамсоя, балки аз мамлакатҳои хориҷӣ низ меҳмонон зиёд меоянд.
Соли ҷорӣ омадани меҳмонон зиёда аз 30 мамлакати хориҷӣ дар назар дошта шудааст. Инчунин, аз 23 давлати хориҷӣ барои ба навор гирифтани «Фестивали гулҳо» журналистон меоянд. Барои меҳмонон дар вилоят 24 меҳмонхона омода карда шудааст.
Ҳар як таклиф, андешаю дархостҳои меҳмононро ба ҳисоб гирифта, соли ҷорӣ «Фестивали гулҳо» на як ҳафта, балки ду ҳафта – аз 22 май то 5 июн давом мекунад.
Шаҳру ноҳияҳое, ки дар «Фестивали гулҳо» иштирок менамоянд, рамзи ноҳия ва шаҳрҳоро бо гулҳо ифода кардаанд. Аз ҷумла, янгиқӯрғониён бо кӯҳ, чустиён бо корду дӯппӣ, попиён бо қатора ва ағбаи Қамчиқ, учқӯрғониён моҳиҳои фарелро бо гулҳо ифода кардаанд.
«Фестивали гулҳо» чун ҳарсола нафақат дар Боғи маданият ва истироҳати ба номи Заҳириддин Муҳаммад Бобур, балки дар «Хиёбони адибон» ва Боғи тематикии «Водии афсонаҳо» низ баргузор мегардад.
Дар ҳудуди боғҳое, ки «Фестивали гулҳо» барпо мегардад, барномаи консертӣ бо иштироки санъаткорони маҳаллӣ ва пойтахт ба роҳ монда мешавад.
Қобили қайд аст, ки сармоядорони хориҷие, ки дар ҳудуди вилоят бо соҳибкорӣ шуғл меварзанд, кӯшиш мекунанд бо гулҳои аз мамлакаташон оварда дар «Фестивали гулҳо» иштирок кунанд.
Фестивал аз фурудгоҳи Намангон бо иштироки мошинҳои гуногуни бо гулҳо ороёфта оғоз ёфта,  кӯчаҳои марказии шаҳри Намангон идома пайдо мекунад.

А. МУРОДОВ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

Вилояти НАМАНГОН.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: