Дар чаҳорчӯби Анҷумани дуюми байнипарлумонии кишварҳои Осиёи Марказӣ раиси Сенати Олий Маҷлиси Ӯзбекистон Танзила Нарбоева бо роҳбарони палатаҳои парлумонии Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон мулоқотҳои дуҷониба анҷом дод.
Зимни вохӯриҳо таъкид гардид, ки натиҷаҳои дар минтақаи мо ба даст овардашуда, бешубҳа, саъю кӯшиши сарони давлатҳо ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳост.
Инчунин дар рафти муҳокима масъалаҳои бо мазмуни нав ғанӣ гардонидани робитаҳои байнипарлумонӣ ва истифодаи самараноки назорати парлумонӣ дар татбиқи тавофуқоти дар сатҳи олӣ ҳосилшуда баррасӣ шуданд.
Зарурати боз ҳам баланд бардоштани самаранокии фаъолияти гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонӣ ва комиссияҳои ҳамкорӣ қайд гардид.
Ҳамзамон дар бораи такмили заминаи ҳуқуқӣ оид ба самтҳои муҳимтарини ҳамкории кишварҳои минтақа, роҳандозии табодули таҷриба миёни мақомоти намояндагии маҳаллӣ тавофуқ ҳосил шуд.