ДАР ДОНИШГОҲ ИДИ ЗАНОНУ БАҲОР ТАҶЛИЛ ГАРДИД

Бо ташаббуси факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Фарғона бахшида ба иди бонувон ва фарорасии баҳори хуррам чорабинии фарҳангӣ баргузор шуд.

Бо ташаббуси факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Фарғона бахшида ба иди бонувон ва фарорасии баҳори хуррам чорабинии  фарҳангӣ баргузор шуд. Ин чорабиниро декани факултет Зокир Раҳимов ҳусни ифтитоҳ бахшид. Вай аз номи ҷамоаи профессорон ва устодон, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва иттифоқҳои касабаи факултет занону духтаронро бо фарорасии иди бонувон самимона муборакбод намуд.
– Рӯзи байналхалқии бонувон, ки ҳамасола 8 март таҷлил карда мешавад, баробари мазмун ва мундариҷаҳои таърихӣ маъноҳои рамзиро низ акс менамояд. Дарвоқеъ, иди мазкур дар тамоми мамлакатҳои дунё чун рамзи миллӣ, дифоъ аз ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои занон пазируфта шуда, он бо як шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта мешавад. Иди байналхалқии бонувон натиҷаи дастовардҳои мубориза ва ҳаракати занон барои дифоъ аз ҳуқуқи онҳо маншаъ гирифтааст, – гуфт Зокир Раҳимов. 
Дар ин чорабинӣ доктори илмҳои филологӣ Акмалҷон Абдуллоев, Зарифахон Алимова, донишҷӯёни факултаи филологияи тоҷику ӯзбек Сарфароз Сироҷиддинов ва Мастурабону Собирҷонова дар бораи таърихи ин ҷашн маърӯзаҳои пурмуҳтаво карданд.
Як гурӯҳ донишҷӯён ба забонҳои тоҷикӣ, ӯзбекӣ ва русӣ дар васфи зан-модар шеъру ғазалҳо қироат карданд. Гурӯҳи дигар аз тариқи саҳначаҳои адабиву бадеӣ тавъам будани иди занон ва баҳори оламафрӯзро намоиш доданд ва сазовори истиқболи гарми аҳли маҳфил қарор гирифтанд.

Файзулло 
ИБРОҲИМОВ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: