Дар Донишгоҳи нақлиёт тренажер-симуляторҳои замонавии таълимӣ ба кор андохта шуданд

Дар кафедраи «Локомотивҳо ва хоҷагии локомотивӣ»-и Донишгоҳи давлатии нақлиёти Тошканд тренажер-симуляторҳои таълимии тепловози мусофиркашонии «ТЭП70БС» ва электровози асосии «3ES5K ЕРМАК» васл карда, ба кор андохта шуданд.

Тренажер-симулятори таълимӣ барои омӯзонидани ёрдамчиёни машинист ва ронанда бо усулҳои оқилонаи идоракунии қатора, ҳаракати фавқулода дар муҳити наздик ба шароити қитъаи муайяни роҳ пешбинӣ шудааст.

Ин тренажер-симуляторҳои замонавии омӯзишӣ, ки дар Осиёи Марказӣ ягона ҳастанд, ба донишҷӯёни дар донишгоҳ таҳсилкунанда имкон медиҳад, ки дар чорроҳаи хоҷагии локомотив ва идоракунии локомотив малакаҳои зиёдеро ташаккул диҳанд, хабар медиҳад хидмати матбуоти Вазорати нақлиёт.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: