ДАР ДОНИШКАДАИ ДАВЛАТИИ ПЕДАГОГИИ ЧИРЧИҚ

шуъбаҳои ғоибонаи тоҷикӣ кушода шуд

Ба туфайли ташаббуси сарвари давлатамон Ш.Мирзиёев дар баробари соҳаҳои дигар дар соҳаи таълим низ ислоҳоти куллӣ ба назар мерасад, ки боиси тарбия кардани кадрҳои болаёқат ва насли баркамоли ояндадор мегардад. Боиси хушнудист, ки ба рушди таълим ба забони тоҷикӣ ҳам пешравиҳо ба назар мерасанд. Соли гузашта дар Донишгоҳи давлатии Фарғона шуъбаи забон ва адабиёти тоҷик  боз шуда буд, ки боиси хурсандии оммаи халқи тоҷики сокини ҷумҳурӣ гардид.
Имсол низ бо ба инобат гирифтани норасоии кадрҳои дорои маълумоти олӣ дар низоми таълими халқ, шаффоф ба роҳ мондани имтиҳони дохилшавӣ барои қабули донишҷӯён ба донишгоҳҳо як қатор созгориҳо ба вуҷуд оварда шуданд. Аз ҷумла, дар Донишкадаи давлатии педагогии Чирчиқи вилояти Тошканд гурӯҳҳои ғоибонаи тоҷикӣ ва қазоқӣ боз гардиданд, ки нишонаи эҳтиром ба забону маданияти миллатҳои дигар дар кишвари мо мебошад. Ба ин муносибат хабарнигори рӯзнома бо чанд савол ба котиби масъули комиссияи қабули донишкадаи мазкур Баҳодур ҲУСАНОВ муроҷиат кард, ки фишурдаи онро пешкаши хонандагони рӯзнома мегардонем.

– Муҳтарам Баҳодур Ҳусанов, гурӯҳҳои ғоибона дар кадом самтҳо кушода шуд?
– Имсол бо ба эътибор гирифтани эҳтиёҷи мактабҳои тоҷикӣ ва қазоқии вилояти Тошканд ба кадрҳои дорои маълумоти олӣ,  дар таркиби факултети педагогика гурӯҳҳои ғоибонаи тоҷикӣ ва қазоқии таълими ибтидоӣ ва таълими томактабӣ боз гардид. Қабули ҳуҷҷатҳо аз 10 июли соли ҷорӣ оғоз шуда, то 31 июл идома меёбад. Ба ҳар гурӯҳ 15 нафарӣ донишҷӯ қабул карда мешавад.
– Ба гурӯҳҳои ғоибонаи тоҷикӣ киҳо ҳуҷҷат супурда метавонанд?
– Онҳое, ки мактабҳои тоҷикии вилояти Тошкандро хатм карда, соҳиби аттестат ё дипломи таълими миёнаи махсус ҳастанд, ҳамчунин, дар вилояти мазкур қайди доимӣ доранд, метавонанд ба гурӯҳҳои мазкур ҳуҷҷатҳои худро пешкаш намуда, баъди сарбаландона супурдани имтиҳонҳои дохилшавӣ аз сафи донишҷӯён ҷой гиранд. Ин тарзи ғоибона аз беҳтарин имкониятҳост, ки  бори аввал барои тоҷикони вилояти Тошканд фароҳам оварда мешавад.
– Муддати таҳсил чанд сол аст ва маблағи солонаи қарордодӣ барои онҳо чӣ қадар аст?
– Таълим 5 солро дар бар мегирад ва донишҷӯён дар ин муддат метавонанд донишҳои зарурии соҳаи худро ба таври мухтасар аз тариқи таҳсили ғоибона фаро гиранд. Зеро тақозои давр инро талаб мекунад, ки омӯзгор бояд дорои маълумоти олӣ ва донандаи хуби касби худ бошад. Айни замон маблағи қарордодии солона 9 миллиону 35 ҳазор сӯмро ташкил медиҳад.
– Барои суҳбат ташаккур!
– Обод бошед!

Мусоҳибаи 
Х.ҲАМИДОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: