Дар ду соли охир беш аз 72 ҳазор нафар шахсони бешаҳрванд ба шаҳрвандии Ӯзбекистон пазируфта шудаанд

Дар АИКО бо иштироки роҳбар ва шахсони масъули Сарраёсати муҳоҷират ва расмигардонии шаҳрвандии Вазорати корҳои дохилӣ нишасти матбуотӣ баргузор гардид.

Дар бораи хидматрасониҳои давлатӣ, ки ба аҳолӣ аз ҷониби Хидматҳои муҳоҷират ва расмигардонии шаҳрвандӣ дар асоси стандартҳои байналмилалӣ расонда мешаванд, маълумот дода шуд.

Аз соли 2019 то имрӯз ба 6 миллиону 183 ҳазору 355 нафар шаҳрвандон барои сафар ба хориҷа шиносномаи хориҷӣ дода шудааст.

Дар айни ҳол тартибе муайян шудааст, ки мувофиқи он шаҳрвандони 57 давлати хориҷӣ метавонанд дар асоси раводид, шаҳрвандони 76 давлати хориҷӣ бидуни раводид ба муҳлати то 30 рӯз, аз 1 январи соли 2020 шаҳрвандони Ҷумҳурии Мардумии Чин, аз ҷумла, ноҳияи махсуси маъмурии Ҳонконг ба муҳлати на бештар аз 7 рӯз бидуни раводид ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон ворид шаванд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: