Дар Душанбе Анҷумани ректорони мактабҳои олии Ӯзбекистон ва Тоҷикистон баргузор мешавад

Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (ДМТ) аз 28 феврал то 1 марти соли ҷорӣ баргузории Анҷумани ректорони мактабҳои олии Ӯзбекистон ва Тоҷикистон дар назар аст.

Дар ин бора дар мулоқот бо рӯзноманигорон ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки намояндагони беш аз 20 муассисаи олии Ӯзбекистон барои ширкат дар Анҷуман ҳозир шаванд, хабар медиҳад хабаргузории тоҷикии Авеста.

«Мо бо аксари донишгоҳҳои Ӯзбекистон шартномаҳои ҳамкорӣ дорем ва итминон дорем, ки созишномаҳои нави ҳамкорӣ дар соҳаҳои илмӣ, таълимӣ ва байналмилалӣ ба имзо хоҳанд расид», - таъкид кард ректори ДМТ.

Ба гуфтаи ӯ, маъмурияти донишгоҳ мутмаин аст, ки дар натиҷаи баргузории Анҷуман табодули таҷриба миёни устодону донишҷӯёни ду кишвар афзоиш хоҳад ёфт. «Мо бояд бо донишгоҳҳои кишвари ҳамсоя ҳамкории зич дошта бошем», - иброз дошт Қ.Хушвахтзода.

Ба гуфтаи муовини ректор оид ба равобити байналмилалии ДМТ Илёс Ғаффорзода, ҳоло дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон 274 донишҷӯи хориҷӣ таҳсил мекунанд, ки 184 нафарашон аз Ӯзбекистон мебошанд.

“Дар донишгоҳи мо аз Қазоқистон, Афғонистон, Русия, Чин, Арабистони Саудӣ ва Эрон низ донишҷӯён таҳсил мекунанд. Имсол тавассути мусоҳиба мо 74 донишҷӯи хориҷиро ба донишгоҳи худ қабул кардем”, - хулоса кард Илёс Ғаффорзода.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: