Дар Душанбе ҷамъомади XXV Шӯрои байниҳукуматӣ оид ба иктишоф, истифода ва ҳифзи сарватҳои зеризаминӣ баргузор шуд.

22 сентябри соли 2022 дар шаҳри Душанбе (Ҷумҳурии Тоҷикистон) ҷаласаи XXV Шӯрои байниҳукуматӣ оид ба иктишоф, истифода ва ҳифзи сарватҳои зеризаминӣ (минбаъд – Шӯрои байниҳукуматӣ) баргузор гардид.

Дар кори ҷаласа аъзои Шӯрои байниҳукуматӣ ва намояндагон аз Ҷумҳурии Арманистон, Ҷумҳурии Беларус, Ҷумҳурии Қазоқистон, Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва намояндаи Кумитаи иҷроияи ИДМ иштирок доштанд.

Бахши мавзӯии ҷаласа ба баррасии як қатор масъалаҳои мубрам бахшида шуда буд, ки ба рушди ҳамкориҳои кишварҳои узви ИДМ дар соҳаи геология ва истифодаи сарватҳои зеризаминӣ нигаронида шудаанд, хабар медиҳад Департаменти ҳамкориҳои иқтисодии Кумитаи иҷроияи ИДМ.

Аъзои Шӯро дар бораи натиҷаҳои кори хадамоти геологии кишварҳои узви ИДМ дар давраи аз октябри соли 2021 то сентябри соли 2022 оид ба иҷрои қарорҳои иҷлосияи XXIV Шӯрои байниҳукуматӣ, рафти иҷрои нақшаи кори муштараки кишварҳои узви ИДМ оид ба иктишоф, истифода ва ҳифзи сарватҳои зеризаминӣ маълумоти муфассал дода, инчунин лоиҳаи нақшаи нави дарозмуддат барои солҳои 2023-2030-ро баррасӣ ва тасдиқ намуд.

Дар рафти ҷаласа оид ба лоиҳаҳои байналмилалӣ оид ба омӯзиши геологӣ ва арзёбии иқтидори маъдании сарватҳои зеризаминии кишварҳои узви ИДМ, дар бораи дурнамои ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ барои дастгирии иттилоотии соҳаи геологӣ, ҳамоҳангсозии конунгузории оид ба сарватҳои зеризаминии давлатҳои аъзои ИДМ, дар бораи татбиқи лоиҳаҳои тартиб додани харитаҳои геологии қаъри баҳри Каспӣ дар дооираи обҳои территориявӣ ва минтақаи иқтисодии Ҷумҳурии Қазоқистон, дар бораи дар Федератсияи Русия таъсис додани системаи соҳибихтиёрии баҳо додан ва аудити захираҳои маъданҳо ва ҳамоҳангсмозии он бо системаҳои байналхалқӣ ва ғайра маърӯзаҳо шунида шуданд.

Иштирокчиёни вохӯрӣ масъалаи таҷдиди заминаи меъёрӣ-ҳуқуқӣ дар заминаи табдили соҳаи геологӣ дар воқеияти муосирро баррасӣ намуда, қарор доданд, ки гурӯҳи корӣ оид ба баррасии самтҳои ҷорӣ ба манзури амиқтар кардани ҳамкориҳои кишварҳои узви ИДМ таъсис дода шавад.

Иҷлосияи XXVI Шӯрои байниҳукуматӣ оид ба иктишоф, истифода ва ҳифзи сарватҳои зеризаминӣ соли 2023 дар шаҳри Самарқанд, Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор мешавад.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: