Дар шаҳри Душанбе дар доираи сафари Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулла Арипов ба Ҷумҳурии Тоҷикистон корхонаи муштараки истеҳсоли техникаи маишии «Артел Авесто Электроникс» ба истифода дода шуд, ки дар маросими ифтитоҳи он Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулла Арипов иштирок намуда, бо раванди истеҳсолот дар корхонаи муштарак шинос гардиданд.
ар шаҳри Душанбе дар доираи сафари Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулла Арипов ба Ҷумҳурии Тоҷикистон корхонаи муштараки истеҳсоли техникаи маишии «Артел Авесто Электроникс» ба истифода дода шуд, ки дар маросими ифтитоҳи он Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулла Арипов иштирок намуда, бо раванди истеҳсолот дар корхонаи муштарак шинос гардиданд.
Моҳи феврали соли 2019 корхонаи муштаркаи «Артел Авесто Электроникс» дар шакли Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд бо иштироки ҳиссавии байни ду ширкат дар ҳаҷми 50/50-фоизӣ ташкил карда шуд.
Бояд гуфт, ки хати истеҳсолӣ, ки дар он 43 номгӯй таҷҳизот ва 129 комплекти мол ва ашё пешбинӣ карда шудааст, асосан аз кишварҳои Ӯзбекистон, Русия, Корея ва Чин таҳвил ва насб карда шудааст.
Дар доираи мувофиқаи шарикони тиҷоратӣ раванди истеҳсолот дар ду марҳила интихоб гардида, дар марҳилаи якум истеҳсоли ду намуди чангкашак ва чор намуди обгармкунак, дар марҳилаи дуюми истеҳсолӣ телевизор ва мошини либосшӯӣ истеҳсол карда мешавад. Алҳол марҳилаи якуми хати истеҳсолӣ ба фаъолият шурӯъ намуда, чангкашак ва обгармкунак истеҳсол мегарданд.
Ҳамзамон таъсиси корхонаи муштараки «Артел Авесто Электроникс» ҷавобгӯи мувофиқаҳои роҳбарони олии ҳарду давлат буда, ба рушди устувори иқтисодию иҷтимоӣ ва таҳкими муносибатҳои дӯстиву бародарона ва ҳусни ҳамҷавории Тоҷикистон ва Ӯзбекистон саҳми бориз мегузорад.
АМИТ «Ховар».