Дар Эрон навиштаҷоти Мирзо Улуғбек ва Алишер Навоӣ ёфт шуд

Ин бозёфтҳо зимни сафари кории муовини аввали директори Агентии мероси фарҳангии назди Вазорати сайёҳӣ ва мероси фарҳанг Турсуналӣ Қӯзиев ва сардори Сарраёсати мероси фарҳангии вилояти Тошканд Мансур Исроилов ба Ҷумҳурии Исломии Эрон бо дастгирии Сафорати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Эрон маълум гардид.

«Дар шимолу ғарби Эрон осорҳои зиёди фарҳангии Темуриён мавҷуданд. Амир Темур дар ҷараёни сафараш ба Эрон дар Тайнободи вилояти Машҳад бо Шайх Абубакри Зайнул-Обиддин Тайбинӣ мулоқот ва дӯстӣ пайдо кард. Солҳои зиёд бо ӯ мукотиба дошт. Ба ифтихори ин дӯстӣ писари Амир Темур Шоҳрухи Мирзо дар Тойнобод масҷиди боҳашамате сохт. Масҷид то имрӯз боқӣ монда, ба равобити дӯстонаи бисёре аз олимони мо мӯҳр бастааст. Маълум шуд, ки бисёре аз ҳокимон ва афроди маъруф ба масҷид омада, намоз хонданро шараф медонанд. Дар масҷид барои меҳмонони воломақом девори фахрӣ гузошта шудааст, ки дар он хоҳиш ва ё мактуби худро менависанд. Онҳоро аз назар гузаронида, мо хабари хуш – асарҳои Мирзо Улуғбек ва Алишер Навоиро пайдо кардем», - гуфт Турсуналӣ Қӯзиев.

Таъкид кардан ҷоиз аст, ки бо қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон "Дар бораи ташкили фаъолияти Агентии  мероси фарҳангии назди Вазорати сайёҳӣ ва варзиши Ҷумҳурии Ӯзбекистон  ва чораҳо оид ба рушди иннносатсионии соҳа " аз 19 июни соли 2021 № 5151  даъвати мутахассисони варзида аз давлатҳои Эрон ва Туркияро тасдиқ гардид. Барои таъмини ин вазифа моҳи марти соли 2022 сафари миссия ба Эрон ташкил карда шуд.

Хабар дода мешавад, ки ҳоло кор дар бобати тадқиқи илмии осори олимони бузурги ӯзбек давом дорад.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: