ДАР ЭРОН НАВИШТАҲОИ МИРЗО УЛУҒБЕК ВА НАВОӢ ПАЙДО ШУДАНД

Тавре ки дафтари матбуоти Вазорати туризм ва мероси фарҳангии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, пайдо шудани навиштаҳои ин ду алломаи бузург ҳодисаи нодир ва хабари хуш мебошад.

Гуфта мешавад, ки зимни як сафари кории муовини аввали директори Агентии мероси фарҳангӣ Турсуналӣ Қӯзиев ва сардори Раёсати мероси фарҳангии вилояти Тошканд Мансур Исроилов ба Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ин бора хабар ёфтаанд. Ин сафари онҳо бо кумаки сафорати Ӯзбекистон дар Эрон сурат гирифтааст.
Ба гуфтаи Т. Қӯзиев дар шимолу ғарби Эрон ёдгориҳои фарҳангии Темуриён зиёд будаанд. Амир Темур дар ҷараёни юришаш ба Эрон дар шаҳристони Тойнободи вилояти Машҳад бо Шайх Абубакри Зайнулобиддин Тойнободӣ мулоқот ва дӯстӣ пайдо кардааст ва ин мукотиба солҳои дароз давом намудааст. 
– Ба ифтихори ин дӯстӣ писари Амир Темур Шоҳрухи Мирзо дар шаҳристони Тойнобод масҷиди боҳашамате сохтааст. Масҷид то имрӯз боқӣ монда, ба равобити дӯстонаи бисёре аз уламо нақш бозидааст. Қобили зикр аст, ки бисёре аз ҳокимон ва шахсиятҳои маъруф ба ин масҷид омада, намоз хонданро шараф медонистанд. Дар деворҳои масҷид барои меҳмонони олимақом девори ифтихорӣ гузошта шудааст, ки меҳмонон дар он хоҳиш ва ё арзу эҳтироми худро менависанд. Ҳангоми аз назар гузарондани онҳо навиштаҳои Мирзо Улуғбек ва Алишер Навоиро кашф намудем, – гуфтааст Т.Қӯзиев. 
Қобили зикр аст, ки дар қарори Президент аз 19 июни соли 2021 «Дар бораи ташкили фаъолияти Агентии мероси фарҳангии назди Вазорати сайёҳӣ ва варзиш ва чораҳои рушди инноватсионии соҳа»  қайд шудааст, ки барои реставратсияи объектҳои мероси фарҳангӣ даъват кардани мутахассисони соҳибихтисос аз Эрон ва Туркия ба Ӯзбекистон мадди назар мебошад. 
Бо ширкати онҳо корҳои ҳифзи мероси фарҳангӣ бояд роҳандозӣ шаванд. Барои иҷрои ин вазифа моҳи гузашта сафари кории ин гурӯҳ ба Эрон ташкил карда шуд. 

Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири “Овози тоҷик”.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: