Дар Фарғона афроде, ки ба маблағи 200 доллар гувоҳномаи ронандагӣ тайёр карда медоданд, боздошт шуданд

Дар ноҳияи Олтиариқ шахсоне, ки гувоҳномаи ронандагии қалбакӣ тайёр кардаанд, боздошт шуданд.

Аз ҷониби Департаменти назди сарпрокуратураи ноҳияи Олтиариқ тафтишот гузаронида шуд.

Шаҳрванд М.М. ва дигарон ба боварии шаҳрванд Ӯ.Т. даромада, гуфтаанд, ки бидуни иштирок кардан дар ягон имтиҳон гувоҳномаи ронандагиро муҳайё карда медиҳанд  ва бо роҳи қаллобӣ 200 доллари ИМА-ро ба даст оварда, ба номи ӯ гувоҳномаи тоифаи «Б»-ро тайёр карда доданд.  Маълум шуд, ки онҳо гувоҳномаи ронандагии қалбакиро сохта додаанд.

Аз рӯи ин ҳолат тибқи моддаҳои 168 (қаллобӣ) ва моддаи 228-и Кодекси ҷиноӣ (тайёр кардан, сохтан, фурўш ё истифодаи ҳуҷҷатҳо, штамп, мӯҳр, бланка) парванда боз шуда, тафтишот идома дорад.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: