ДАР ФАРҒОНА — ФЕСТИВАЛИ СИНАМОИ АВРУПО

Дар фестивали шашуми синамои аврупоӣ синамогарони Финляндия, Чехия, Латвия, Словения, Шветсария, Маҷористон, Белгия ва амсоли он бо филмҳои ҳунарӣ ва мустанад ширкат варзиданд.

Меҳмононро муовини ҳокими вилоят Мӯҳсинхӯҷа Абдураҳмонов пазироӣ кард.
– Шаҳри Фарғона тайи солҳои зиёд мизбонии анҷуманҳои бонуфузи байналмилалӣ ва мусобиқаҳои калони варзиширо  бар дӯш дошт. Фестивали шашуми синамои аврупоӣ намунаи чунин чорабиниҳост, ки ҳоло дар вилояти мо мегузарад, – гуфт тайи нишасти хабарӣ Мӯҳсинхӯҷа Абдураҳмонов.
— Мо чунин фестивали филмҳоро дар вилоятҳои дигар низ роҳандозӣ намудаем. Филмҳои ҳунариву мустанади синамогарони аврупоӣ арзишҳоеро баррасӣ мекунанд, ки хоси мардуми ин минтақаи ҷаҳон  мебошанд, – гуфт намояндаи ҳайати Иттиҳодияи Аврупо дар Ӯзбекистон Франсуа Бежо.
 Рӯзи аввал  филми драмавии коргардони маҷористонӣ Ибойя Фекете – «Модар ва хешони аз ҳад зиёди ӯ» фестивалро ҳусни оғоз бахшид. 
Филм дар тамошобинони фарғонагӣ ва меҳмонони фестивал таассуроти амиқ боқӣ гузошт. Дар фестивали мазкур филмҳои дигар низ ба маърази тамошо гузошта шуданд, ки завқу шавқи беандозаи тамошобинони зиёдро бедор карданд.

Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти ФАРҒОНА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: