ДАР ФАРҒОНА ХОНАИ ДӮСТӢ КУШОДА ШУД

  • ДАР ФАРҒОНА ХОНАИ ДӮСТӢ КУШОДА ШУД
  • ДАР ФАРҒОНА ХОНАИ ДӮСТӢ КУШОДА ШУД

Дар мавзеи Қиргулии вилояти Фарғона маросими мутантани ифтитоҳи “Хонаи дӯстӣ” баргузор гардид.

Дар он марказҳои фарҳангии миллии олмонӣ, славянӣ, яҳудӣ, тоторӣ, қирғизӣ, кореягӣ, тоҷикӣ, туркии вилоят ва намояндагони ҷомеаи вилоят ширкат варзиданд.
Мустаҳкам намудани дӯстии байналхалқӣ, ҳамфикрӣ ва таҳаммулпазирӣ яке аз тамоюлҳои асосии сиёсати давлати мо мебошад. Дар чорабинӣ зикр гардид, ки бо ташаббуси Сарвари давлат ба марказҳои фарҳангии миллӣ, таъминоти моддию маънавии онҳо таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда мешавад, «Хонаи дӯстӣ»-и ба истифода додашуда намунаи ин таваҷҷуҳи баланд мебошад.
Бинои собиқ қасри фарҳанги “Нефтчӣ”, ки бо харҷи беш аз 3,5 миллиард сӯми буҷети маҳаллии вилоят аз нав таъмир карда, симои зебою замонавӣ гирифтааст, ҳоло ба маъвои воқеии дӯстиву рафоқати намояндагони миллату халқиятҳои гуногун табдил ёфтааст. Дар ин ҷо барои 8 маркази миллии фарҳангии вилоят утоқҳои алоҳида ҷудо карда шуда, толори консертӣ барои баргузории маҳфилҳо ва чорабиниҳои гуногун намои замонавӣ гирифт. Эътироф гардид, ки дар Фарғона, ки дар ҳудуди он 4 миллион нафар аҳолӣ зиндагӣ мекунанд, миллату халқиятҳои гуногун таҳти шиори “Ӯзбекистон – хонаи умумии мо” дар муҳити дӯстиву ҳамфикрӣ ба сар мебаранд ва ҳамаи онҳо дар пешрафти кишвар саҳм доранд.
Дар вилояти Фарғона зиёда аз 228 ҳазор тоҷик, 77 ҳазор қирғиз, 41 ҳазор рус, 5600 кореягӣ, 4800 украин, 2000 тотор ва 42 ҳазор яҳудӣ, турк ва немис зиндагӣ мекунанд. Ҳамчунин 8 маркази фарҳангии русӣ, тоҷикӣ, тоторӣ, олмонӣ, қирғизӣ, яҳудӣ, кореягӣ ва туркӣ фаъолият мекунанд.
Дар кишвари мо ҳар касе, ки худро ӯзбекистонӣ медонад, имкон дорад озодона зиндагӣ, кор, таҳсил кунад, анъанаҳои миллию динии худро пос дорад. Ба ин маънӣ номи роҳбарони марказҳои фарҳангии миллӣ, ки дар ҳифзи ҳисси Ватани ягона ва дар ин рӯҳия тарбия намудани насли наврас фаъолияти пурсамар доранд – Галина Акопҷонова, Семен Абдураҳмонов, Виктор Лян, Валентина Миллер, Албина Каримова, Нортоҷӣ Халибоева, Тоҳир Кападзе, Масъудҷон Мирзоев ва дигар фидоиён  бо эҳтиром ба забон гирифта шуд.
Меҳмонон бо шароите, ки дар бино барои марказҳои маданияти миллӣ фароҳам оварда шудаанд, шинос шуданд. Барномаи консертӣ иборат аз суруду рақсҳо, ки анъана ва арзишҳои миллии миллатҳои гуногунро инъикос менамояд, дар иштирокчиёни чорабинӣ таассуроти калон гузошт.
Дар чорабинӣ ҳокими вилояти Фарғона Хайрулло Бозоров иштирок кард.

Маъсудҷон 
СУЛАЙМОНОВ,
мухбири ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: