Дар корхонаи Central Asia Motors, ки дар ҳудуди заводи механикии Фарғона ҷойгир шудааст, лоиҳаи истеҳсоли электромобилҳои сабукраву боркашони арзишашон 50 миллион долларина татбиқ мегардад.
Дар корхонаи Central Asia Motors, ки дар ҳудуди заводи механикии Фарғона ҷойгир шудааст, лоиҳаи истеҳсоли электромобилҳои сабукраву боркашони арзишашон 50 миллион долларина татбиқ мегардад.
5 миллион доллари ин миқдорро маблағҳои шахсии соҳибкорон ва боз 5 миллион долларашро вомҳои бонкӣ, 40 миллион доллари боқимондаро бошад, сармояҳои бевоситаи хориҷӣ ташкил медиҳанд.
Дар доираи лоиҳа, ки зина ба зина соли 2022-юм анҷом меёбад, беш аз 350 ҷойҳои нави корӣ фароҳам оварда мешаванд.
Баъди пурра ба кор даромадани корхона соле 10 ҳазор электромобил истеҳсол карда хоҳад шуд.
Ҳокими вилояти Фарғона Хайрулло Бозоров ба корхонаи мазкур омада, бо ҷараёни анҷоми корҳои лоиҳавӣ шинос шуд.
Ҳангоми суҳбат бо ҳоким роҳбари корхона ӯро бо ҳолати кунунии лоиҳа ошно намуд. Чунончи, қайд гардид, ки аллакай моҳи декабри соли равон аз корхона дар режими тестӣ 4 электромобили сабук ва 8 адад боркашон хориҷ мешаванд. Бо назардошти рушди нокифояи инфрасохтор ба миқдори ками истгоҳҳои зарядӣ дар давраи аввал электромобилҳои хурд истеҳсол мешаванд, ки ҳангоми 20 фоиз коҳиш ёфтани иқтидори электриашон бо муҳаррики бензин ҳаракат карда метавонанд.
Ҳоли ҳозир сехҳои ҷобаҷогузорӣ, санҷиши электромобилҳо ва электрофорезу рангмолӣ ба ҷараёни истеҳсол куллан тайёр мебошанд, дар корхона ба майдонҳои иловагии истеҳсолӣ барои ташкил кардани сехи пайвандкунии бордонҳо талабот ҳаст.
Ҳокими вилоят ба шахсони масъул супориш дод, ки мувофиқи тартиби муқарраршуда барои лоиҳаи мазкури сармоявӣ аз майдонҳои озоди ҳудуди корхонаи механикӣ замин ҷудо карда шавад.
Масъудҷон
СУЛАЙМОНОВ,
хабарнигори ӮзА.
Суратгир:
М. ҚОДИРОВ (ӮзА).