ДАР ФАРҒОНА ИСТЕҲСОЛИ КОНСЕНТРАТОРҲОИ ОКСИГЕН ОҒОЗ ЁФТ

Дар давраи пандемияи коронавирус эҳтиёҷ ба консентраторҳои оксиген боз ҳам бештар шудааст.

Дар давраи пандемияи коронавирус эҳтиёҷ ба консентраторҳои оксиген боз ҳам бештар шудааст.
Консентраторҳои оксиген барои беморони ҳолаташон вазнин табобати самарабахш мебошад. Илтиҳоби шуш (пневмония) ба оқибатҳои ҷиддӣ меорад. Барои ба эътидол овардани сатҳи оксиген дар хун бояд аз дастгоҳҳои нафасдиҳии сунъии шуш истифода бурд. Афзудани эҳтиёҷ ба консентраторҳои оксиген истеҳсоли онҳоро дар мамлакати мо тақозо мекунад.
Бо ташаббуси ҳокимияти вилояти Фарғона дар минтақаи озоди иқтисодии «Қӯқанд» лоиҳаи истеҳсоли консентраторҳои оксиген дар муддати кӯтоҳтарин амалӣ карда шуд. Корро ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Грейт Коканд» анҷом дод.
Ба кор даромадани корхона, ки арзиши умумии он 300 ҳазор долларро ташкил медиҳад, ба иди бузург табдил ёфт. Муовини ҳокими вилоят М.Абдураҳмонов қайд кард, ки ба туфайли истеҳсолоти нав муассисаҳои тиббии вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ бо консентраторҳои оксиген пурра таъмин карда хоҳанд шуд.
— Дар вилояти мо ба ҳифзи аҳолӣ аз коронавирус, мустаҳкам кардани саломатии онҳо диққати махсус дода мешавад, — мегӯяд директори корхона Ф. Раҳмонов. — Тамоми чораҳои зарурӣ андешида, заминаи моддию техникии муассисаҳои тиббӣ мустаҳкам карда, барои беморон ҷойҳои махсус ва захираи доруҳо ташкил карда шуданд. Мо шодем, ки дар чунин давраи душвор дар мубориза бо ин беморӣ саҳми худро мегузорем.
Корхона ҳар сол 30 ҳазор консентраторҳои оксиген истеҳсол мекунад. Инчунин 20 ҷои нави корӣ таъсис дода шуд.

М.СУЛАЙМОНОВ,
мухбири ӮзА.

Сурати ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: