ДАР ФАРҒОНА «КЛИНИКАИ ҲУҚУҚШИНОСИИ ҶАВОНОН» БА КОР САР КАРД

Дар бинои Маркази ҷавонони шаҳри Фарғона «Клиникаи ҳуқуқшиносии ҷавонон» кушода шуд.

Дар бинои Маркази ҷавонони шаҳри Фарғона «Клиникаи ҳуқуқшиносии ҷавонон» кушода шуд.
Клиникаи ҳуқуқшиносӣ дар ҳамкорӣ бо Раёсати оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ, Барномаи рушд ва Созмони масъалаҳои таълим, илм ва маданияти СММ, Оҷонсии корҳои ҷавонони Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Иттифоқи ҷавонон, Вазорати адлия ташкил гардид.
Маълум аст, ки 56 фоизи аҳолии Ӯзбекистонро ҷавонони то 30-сола ташкил медиҳад. Пӯшида нест, ки дар шароити кунунии пандемия имкониятҳои иҷтимоӣ ва иқтисодии аксар ҷавонон маҳдуд мегарданд. Ин вазъият тақозо менамояд, ки ба онҳо ҳамаҷониба кӯмак расонида шавад. Мақсади асосии лоиҳаи мазкур низ маслиҳатдиҳӣ ба ҷавонон, васеъ кардани доираи имконияти онҳо ба шумор меравад.
Дар ин клиникаи ҳуқуқшиносӣ ба ҳолатҳои мухталифи иҷтимоиву иқтисодие, ки дар ҳаёти ҷавонон мушоҳида мешаванд, баҳои ҳуқуқӣ дода мешавад. Ҳамчунин ба писарону духтарон барои дастрас намудани ҳуҷҷати шахсӣ, амалӣ намудани ҳуқуқҳояшон бинобар мулк ва замин, масъалаҳои дигаре, ки дар ҳаёти ҳаррӯзаи онҳо воқеъ шуданашон мумкин аст, аз ҷониби мутахассисон кӯмакҳои ҳуқуқӣ пешниҳод мегарданд.
Дар чорабиние, ки ба муносибати кушоиши клиникаи ҳуқуқӣ баргузор шуд, инчунин дар байни Раёсати адлияи вилояти Фарғона ва Оҷонсии корҳои ҷавонон меморандуми «Дар бораи беш аз пеш афзудани самаранокии фаъолияти клиникаи ҳуқуқӣ» имзо гардид.
Худи ҳамон рӯз аз ҷониби масъулони ин маслиҳатхонаи ҳуқуқӣ ба беш аз 40 нафар ҷавонон маслиҳатҳои ҳамаҷониба дода шуданд. Дар анҷоми чорабинӣ дар Технопарки ҷавонони шаҳри Марғелон бо духтароне, ки мехоҳанд бо соҳибкорӣ машғул шаванд, суҳбати «мизи мудаввар» низ ташкил гардид.
Дар сурат: лавҳае аз чорабинӣ.
Суратгир: М.ҚОДИРОВ (ӮзА).

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: