Дар Фарғона лоиҳаҳои сармоягузорӣ ба маблағи 7 миллиард доллар пешбинӣ шудааст

  • Дар Фарғона лоиҳаҳои сармоягузорӣ ба маблағи 7 миллиард доллар пешбинӣ шудааст

Сарвари давлат бо лоиҳаҳои нави сармоягузорӣ, ки дар вилояти Фарғона амалӣ мегардад, шинос шуд.

Дар ҳафт соли охир  ба вилояти Фарғона ба маблағи қариб 77 триллион сӯм сармоя ҷалб карда шуд. Дар натиҷа  116 ҳазор ҷойи корӣ ва ба маблағи 4,5 миллиард доллар иқтидори содиротӣ таъсис дода шуд.

Имсол дар вилоят беш аз ҳазор лоиҳа ба маблағи 1,3 миллиард доллар амалӣ мешавад.

Айни замон сармоягузорони хориҷӣ ва соҳибкорони маҳаллӣ 132 лоиҳаро ба маблағи беш аз 7 миллиард доллар ташаккул додаанд. Аз ин шумор 25 лоиҳа ба маблағи 2,1 миллиард доллар ба Сарвари давлат пешниҳод гардид.

Ширкатҳои Австрия, ИМА, Чин, Русия, Туркия, Олмон, Арабистони Саудӣ, Кувайт, Ҷопон ва Озарбойҷон ба лоиҳаҳо сармоя мегузоранд. Онҳо соҳаҳои бофандагӣ, хӯрокворӣ, тиб, саноати электротехника, масолеҳи сохтмон, хизматрасонӣ ва ғайраро фаро мегиранд.

Ҳамин тариқ, дар ноҳияи Учкўприк якҷоя бо сармоягузорони чинӣ лоиҳаи истеҳсоли плитаҳои сафолӣ ба маблағи 50 миллион доллар амалӣ мешавад. Дар натиҷа 500 ҷойи нави корӣ таъсис дода мешавад. Дар вилояти Қува якҷо бо сармоягузорони Саудӣ истеҳсоли қисмҳои эҳтиётии системаҳои гармидиҳӣ ва хунуккунӣ ба роҳ монда мешавад. Пас аз анҷоми ин лоиҳаи арзишаш 50 миллион доллар 350 нафар бо кор таъмин хоҳанд шуд.

Дар натиҷаи татбиқи 132 лоиҳа бо ҷойи кор таъмин намудани беш аз 23 ҳазор нафар пешбинӣ шудааст.

Президент ба шахсони масъул ҷиҳати суръат бахшидан ба бунёди заминаи ташкилию ҳуқуқии лоиҳаҳо ва фароҳам овардани тамоми шароит барои сармоягузорон супоришҳои иловагӣ дод.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: