Дар Федератсияи шиноварии Ӯзбекистон ба маблағи беш аз 2 миллиард сӯм дуздӣ ошкор шуд

Масъулини Федератсияи шиноварии Ӯзбекистон дар тасарруфи беш аз 2 миллиард сӯм гумонбар дониста мешаванд.

Дар ин бора дафтари матбуоти Прокуратураи генералӣ хабар додааст.

Ҳангоми санҷиш муайян карда шуд, ки аз ҳисоби маблағҳои ба федератсия ҷудошуда 15 нафаре, ки аъзои дастаи шиноварӣ набуданд, ба Туркия барои рухсатӣ фиристода шудаанд, ки дар байни онҳо ду нафар аъзои оилаи котиби генералии федератсия А. Г.  низ ҳастанд. 405 миллион сӯм ба ин мақсадҳо сарф карда шудааст.

Инчунин маълум гардид, ки бо фармонҳои сохта барои гузарондани ҷамъомадҳои таълимиву тамринӣ 458 миллион сӯм азхуд карда шудааст, ки дар асл иҷро нашудаанд.

Ғайр аз ин 1 миллиарду 200 миллион сӯми аз тарафи сарпарастон барои баргузории мусобиқаҳои байналхалқӣ ва ҷамъомадҳои таълимӣ ҷудо кардашударо рабудаанд.

Аз рӯи ин далелҳо парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишоти пешакӣ оғоз шудааст.

 

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: