мегуфт ҳар як иштирокчии он зимни хайрбод.
Дар ҳақиқат, пайдоиши ҳунармандӣ дар ҳаёти бошууронаи инсоният қадами муҳими таърихии ӯ сӯйи тамаддун ба шумор меравад.
ШАВКАТ МИРЗИЁЕВ.
Баъди намоишҳои маҳсулоти гуногуну рангоранг ва мавриди таваҷҷӯҳи меҳмонону мардуми зиёд қарор гирифтани он Фестивали байналмилалии ҳунармандии Қӯқанд ба поён расид. Бинобар натиҷаҳои зинаи ниҳоии азназаргузаронӣ — озмун аз се мукофот дутои он насиби ҳунармандони ӯзбекистонӣ гардид ва яктои онро ҳунарманди Ҳиндустон ба даст овард. Устои халқии Ӯзбекистон Муҳаммадалӣ Юнусов «Ҳунарманди беҳтарин» дониста шуд. Абдуқаҳҳор Ҳамдамови тоҷикистонӣ ба сифати «Беҳтарин устои мактаби ҳунармандӣ», Карим Бектоши қазоқистонӣ бошад, аз «Ҳунарманде, ки навъи қадимии ҳунармандиро эҳё намудааст», эътироф гардиданд. Ба аксари иштирокчиёни фестивал низ мукофотҳои пуливу савғотиҳои рӯҳбаландкунӣ супурда шуданд.
– Барои аъзои доварон муайян кардани ғолибони озмуни фестивали байналмилалии ҳунармандӣ хеле мушкил буд. Бо вуҷуди ин онҳо ин вазифаи пурмасъулиятро бо сарбаландӣ анҷом доданд, – гуфт Президенти Шӯрои умумиҷаҳонии ҳунармандон, хонум Рози Гринлис пас аз анҷоми маросими интиҳоии фестивал.
Ба гуфтаи Рози Гринлис ин фестивал бори дигар собит намуд, ки ҳунармандон бояд боҳам бошанд. Баргузории он аъзои шӯро ва тамоми ҳунармандонеро, ки фаъолона ширкат карданд, ба ҳадаф расонд.
Маросими пӯшидашавии Фестивали байналмилалии ҳунармандии Қӯқанд хеле бошукӯҳ гузашт. Дар он санъаткорони номии кишварамон ҳунарнамоӣ карданд.
Агар ба рӯзҳои гузаштаи фестивал кӯтоҳ назар андозем, рӯзмарра майдони Ӯрдаи Худоёрхон аз меҳмонону сокинони шаҳр ҳамеша лабрез буд. Аз 11 то 16 сентябр аз вилоятҳои кишвар ва 78 мамлакати дунё дар он ширкат карданд. Дар растаҳо ҳунармандон маҳсулоти худро ба маърази тамошои харидорон гузошта буданд. Тиҷорату савдо, ба роҳ мондани ҳамкориҳо, имзои шартномаҳо, даъват ба ин ё он кишвар ва ширкати ҳунармандон дар чорабиниҳои гуногун ва монанди он аз ҳодисаҳое маҳсуб меёфтанд, ки дар шаҳри Хӯқанди латиф аввалин бор ба вуқӯъ мепайваст.
Рӯзҳои 12-13 сентябр дар мавзӯи «Дурнамои рушди ҳунармандӣ ва санъати мардумӣ-амалӣ» конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид ва кори худро дар якчанд иҷлосия роҳандозӣ кард. Мавзӯъҳои он соҳаҳои ҳунармандии мардумии Ӯзбекистон ва ҳунармандони соири кишварҳои ҷаҳонро фаро хонд.
– Банда дар конференсияи илмию амалӣ дар мавзӯи «Ҳунармандӣ — сарчашмаи рушди иқтисодӣ дар фазои Иттиҳоди давлатҳои мустақил» баромад кардам, ки бар асоси таҷрибаҳои ҳунармандони кишварам таҳия шуда буд. Аз ҳама муҳимаш, мо дар ҷараёни ин конференсия якдигарро шунидем ва аз таҷрибаҳои ҳамдигар баҳра бардоштем. Ин яке аз дастовардҳои конференсияи илмию амалӣ буд, – гуфт Мариам Двалишвили, директори иҷроиявии Маркази фарҳангу ҳунари Гурҷистон.
Тавре ки Президенти мамлакат рӯзи ифтитоҳи фестивал дар маърӯзааш қайд намуд, «Ин форуми дӯстии ҳақиқӣ ва ҳамкориҳоест, ки гузаштаи дур ва замони ҳозира, анъанаҳо ва арзишҳои мардуми гуногунро дар худ муҷассам месозад, сулҳу ҳамгироиро мустаҳкам менамояд, ба дили одамон некиву зебоӣ мебахшад, дар фазои фарҳанги байналмилалӣ ҷойгоҳи хоси худро меёбад».
– Ин ҳарфҳои Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев воқеъиятанд, зеро фестивал ҳамчун як иқдоми хеле неки он кас мебошад, ки тамоми ҳунармандони ҷаҳонро ба ҳам овард. Ростӣ, аз ин фестивал хеле таассуроти хотирмон гирифтам. Баргузории ин фестивал нишон медиҳад, ки таваҷҷӯҳи Ҳукумати Ӯзбекистон таҳти сарварии ҷаноби Мирзиёев барои рушду ривоҷи ҳунармандӣ ва фарҳанг хеле густурда аст. Ин барои равнақи минбаъдаи ҳунармандӣ ҳаматарафа мусоидат мекунад, – мегӯяд Вазири фарҳанг ва варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода.
– Ҳунармандӣ дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, барқарории вазъ ва амнияти ҷомеаҳои гуногун ҳиссаи калон мегузорад. Барои ҳамин ҳунармандон бояд ҳамеша дастгирӣ ва рӯҳбаланд карда шаванд. Ман якчанд тавсияҳои худро низ дар ин фестивал ба миён гузоштам, ки рушду ривоҷи ҳунармандӣ ва ба роҳ мондани ҳамкориҳоро мадди назар гирифтааст, – гуфт меҳмон аз Кувайт Алӣ Солеҳ Ал-Наҳодаҳ.
– Маро он чиз ба ваҷд овард, ки ҳар як меҳмону иштирокчии фестивал ҳамаи ин рӯзҳо хушҳолу шодмон буданд. Аз истиқбол гирифтани меҳмонон то рӯзи охири фестивал мо худро дар иҳотаи дӯстони беҳтаринамон ҳис кардем. Ҷойҳои зиёди таърихиро рафта дидем, бо фаъолияти якчанд корхонаи истеҳсолӣ ошно шудем. Хоссатан, меҳмондӯстиву меҳмоннавозии сокинони шаҳри Қӯқанд моро ҳайрон намуд. Онҳо моро ба хонаҳояшон даъват мекарданд. Чунин манзараи дилорову дилпазирро ҳини сафару саёҳатҳои зиёди худ бори нахуст дидаму ҳис кардам, – мегӯяд бо ифтихор Сити Мария Ваворунтии индонезиёӣ.
– Дар фестивали Қӯқанд дӯстони зиёд пайдо кардам. Дилам намешавад, ки аз ин шаҳри хубу зебо биравам. Вале чӣ чора? Фестивал ба давраи ниҳоии худ расид ва мисли ҳамаи меҳмононе, ки пароканда шуданд, банда низ озими Непал мешавам. Умедворам, ки солҳои баъд низ маро даъват мекунанд ва ба ин ҷо дубора меоям. То дидору мулоқот дар фестивали соли 2021, – мегӯяд хонум Камола Тамракар.
Гурӯҳ-гурӯҳ писарону духтарон ба меҳмонон гулдастаҳои тару тоза ҳадя карданд. Садои карнаю сурнай ва дафу доира баланд садо дод ва меҳмонон рақскунон вориди вагонҳои худ шуданд. То аз назарҳо нопадид шудани қатори поезд мардум байрақҳо алвонҷ додаву дастафшонӣ карда, меҳмононро бо таоруфу назокати хос гусел намуданд.
– Боиси ифтихор аст, ки шаҳри мо аз шумори шаҳрҳои байналмилалии ҳунармандии ҷаҳон пазируфта шуд. Дар фазои Иттиҳоди давлатҳои мустақил Қӯқанд ягона шаҳре муаррифӣ мешавад, ки ба чунин мақоми баланд соҳиб гаштааст. Бо пою қадами меҳмонон шаҳрамон дар давоми як ҳафта ба шаҳри иду суруру нишот, нишасту анҷуманҳои илмиву амалӣ, намоишҳои консерту ҳунарнамоиҳо ва савдову тиҷорат табдил ёфт, – мегӯяд ҳокими шаҳри Қӯқанд Маъруфҷон Усмонов.
– Мана, фестивал ба охир расид. Шаҳр оҳиста аз меҳмонон, мошинҳову автобусҳои қатору пур аз меҳмонҳо холӣ мешавад. Ин боиси таассуф аст, вале ҳар омадан дар пай рафтану баргаштан низ дорад. Муҳимаш, меҳмонон аз пазироиямон бо табъи болида ба кишварашон баргарданд, мо низ худро хушбахт ҳис мекунем, – мегӯяд сармуҳаррири рӯзномаҳои муштараки «Фарғона ҳақиқати» ва «Ферганская правда» Гулбаҳор Саидғаниева.
Шаҳри Қӯқанд баъди ду сол дубора меҳмонҳо ва ҳунармандонро аз минтақаҳои мухталифи ҷаҳон ба канор хоҳад пазируфт.
Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири «Овози тоҷик».
ҚӮҚАНД.