ДАР ФИЛМ ДИГАР – ДАР ҲАЁТ ДИГАР

Аз тариқи телевизион одатан дар арафа ва рӯзҳои ид филмҳои мазҳакавӣ намоиш дода мешаванд.

 Табассум медамад ба лабу рӯйи тамошобин, механдад, завқ мебарад. Оре, бо кайфияти идона истиқбол кардани ҷашн ва истироҳати бофароғат гаште дорад. 
Устодони мазҳака 1 апрел – Рӯзи ҳазлу шӯхӣ низ бо филмҳои худ меҳмони хонадони мо мешаванд.
Яке аз актёрҳои номваре, ки ҳаводори  бешумор  дошта, тақрибан 70 сол инҷониб бо нақшҳои нотакрори мазҳакавӣ қалби миллионҳо бинандагонро тасхир кардааст, ҳунарпешаи рус Александр Демяненко мебошад. Аксарият номи воқеии ӯро фаромӯш намуда, «Шурик» меномандаш. Образи Шурик аз филмҳои Гайдай ба А. Демяненко шуҳрати ҷаҳонӣ бахшид. Вақте Шурик гуфтем, актрисаҳои хушсимо Наталя Варлей ва Наталя Селезнёва низ пеши назарамон меоянд, ки якҷо бо вай нақш бозидаанд. Александр Смирнов низ ба туфайли ҳамроҳ образ офаридан бо А. Демяненко ба комёбиҳо даст ёфт.  Ҳунарпешагон Евгений Моргунов, Георгий Витсин ва Юрий Никулин – сегонаи машҳур, гарчи нақшҳояшон дар филмҳои гуногун хеле зиёд, дар натиҷаи ҳамкорӣ бо коргардон Леонид Гайдай, хусусан бо иҷро дар картинаҳои «Асираи Қафқоз» ва «Амалиёти «ы» ва саргузаштҳои дигари Шурик» хеле машҳур шуданд. 
А. Демяненко дар филми дигари Гайдай «Иван Василевич касбашро иваз мекунад» (1973) нақши инженер-тадқиқотгарро, ки мошини вақт ихтироъ кардааст, иҷро кард. Ба дараҷае ба ихтироъ дода шуд, ки худ нимдевона шудааст. Вай дар хобу хаёл  баногоҳ дари асри 16-умро кушод – дари  давраеро, ки Иван Грозний подшоҳӣ кардааст. Аснои талотӯп Грозний ба Маскав даромада монд, ҳамзамонҳои мо Иван Бунш (ҳамсояи Шурик) ва дузд Ж. Милославский вориди қасри подшоҳи асри XVI. Нақши Бунш ва Иван Грознийро бояд Ю. Никулин мебозид, вале ӯ таклифи коргардонро рад кард. 
Хаёл намуд ба намоиши филми саропо афсонамонанд ҳеҷ вақт сензура роҳ намедиҳад, мегуфт: «Кӣ бовар мекунад ба ин гуна рӯйдод?»
Воқеаҳо ҳақиқатан боварибахш не, вале бинанда бо завқ филмро тамошо мекунад. Такрор – ба такрор. Иҷрои нақши Бунш ва И. Грозний ба Юрий Яковлев, офаридани образи дузд ба Леонид Куравлёв насиб кард. 
Юрий Никулин, аз он ки ба хаёли  хом дода шуд ва ҳамроҳ бо Демяненко боз дар як картина иштирок накард, афсӯс хӯрд. Дар кинопрокати шӯравӣ «Иван Василевич касбашро иваз мекунад» натиҷаи рекордӣ ба даст овард. Соли ба экран баромадан (1973) бештар аз 60 миллион нафар ба кинотеатрҳо даромаданд. Панҷоҳ соли расо гузашт. Филм ҳанӯз аз тариқи шабакаҳои гуногуни телевизионӣ бо забонҳои гуногун пайваста намоиш дода мешавад. 
Александр Демяненко зодаи Свердловск мебошад. Соли 1957 мактаби миёнаро хатм кард, вале орзуи ӯ, ки мехост мутахассиси забони немисӣ шавад, ҷомаи амал напӯшид. «Сахт шармгин будам, дар имтиҳони қабул даступо хӯрдам...», – баъдҳо ба хотир меовард комики машҳур. 
Ба Институти ҳуқуқшиносии Свердловск дохил шуд, аммо ним сол хонду халос. Фикр кард ин касб ба вай дуруст намеояд. 
Хонданро тарк кард ва ба Маскав омад. Аз имтиҳотони қабули ГИТИС бомуваффақият гузашт. Ин даргоҳи бонуфузи ҳунар ва санъатро соли 1959 хатм намуд ва се сол дар Театри академии Маскав ба номи В. Маяковский фаъолият бурд. Тақдир ӯро ба Ленинград бурд ва ба олами кино пайваст – дар киностудияи «Ленфилм» то охири умр (1999) кор кард. 
Яке аз картинаҳои коргардон А. Алов, ки дар он А. Демяненко нақш бозидааст, дар ҷашнвораи Венетсия ба мукофот сазовор гашт.
Гайдай ба филми навбатиаш оид ба ҳаёти донишҷӯён, ки саргузаштҳои шавқоварро аз сар мегузаронанд, қаҳрамон меҷуст. Чандин нафарро санҷид. Аз миёни онҳо Демяненкоро интихоб кард. Қаҳрамон бояд малламӯй мебуд, вале А. Демяненко сиёҳмӯй, ки буд, бо кумаки рангҳои зарду сурх қиёфаашро дигар карданд. Донишҷӯ Владик Аркови малламӯй бо саргузаштҳои аҷиб ва беғубор эътибори бинандаро кашид, ҳарчанд ҷавони хеле ҷиддӣ буд иҷрогари ин нақш Демяненко. Ҳамин тавр, ҳамкории Гайдай ва Демяненко бомуваффақият оғоз ёфт. 
Якдигарро кашф кардани ду санъаткори воқеӣ ба равнақи «Ленфилм» ва синамои шӯравӣ, хусусан жанри мазҳака такони сахт бахшид. Онҳо ҳаёти худро дар кино мисле бо якдигар тасаввур карда наметавонистанд. То охири умр ба ҳам қадрдон монданд. Бо талх ва ширинӣ, соярӯшанӣ, пасту баландӣ, ташвишу шодиҳои худ давраи донишҷӯӣ басо гуворост. Ҳар донишҷӯ ва ҳар касе, ки як вақтҳо донишҷӯ буд, бо тамошои «Амалиёти «ы» («Васвасаи шайтон»), бегуфтугӯ, баъзе воқеаҳоро ба ҳаёти худ дар беғубортарин давраи умр муқоиса мекунад, ба ёд меорад, ҳузни ширин қалбашро фаро мегирад.
Худи мо низ, вақте донишҷӯ будем, то наздикоии имтиҳонҳо бепарво намегаштем? Баъде имтиҳонот сар шавам гуфтанд якбора ба худ меоем – сар мешавад дафтаркобӣ, конспектпурсӣ, ончунон дода мешавем ба омодагӣ, ки гоҳ куҷо будан, чи кор карда истодани худро нафаҳмида ҳам мемонем.
Машҳуртарин донишҷӯён дар ҳамаи давру замонҳо – Шурик ва Лида! Муҷассамаҳо офарида шуданд ба ҳарду: Лида китоб хонда истодааст дар болои харак. Дар паҳлуяш Шурик ба китоби ӯ менигарад...
Ин навъ ҳайкалҳо – муҷассамгари ҳаёти давраи донишҷӯии қаҳрамонҳои Гайдай, алҳол боғҳои истироҳатии Краснодар, Рязан ва Маскавро зеб мебахшанд. 
Демяненко, ки дар кино ҳамаро механдонд, дар ҳаёт чӣ гуна шахс буд? Шӯх, ҳазлкаш–хушу хуррам?
Не. Баръакс, бисёр ҷиддӣ. Маҳзун, хаёлӣ, дамдузд ва ҳатто одамгурез. 
Ҳамин тавр шуданаш мумкин? – ҳайрон мешавем. Мумкин. Ҳаёт дигар будаасту кино дигар.
Маълум, ки Демяненко ва Селезнёва (Шурик ва Лида) дар ду картинаи Гайдай «якдигарро дӯст медоранд».
Меҳр, ки дар чашм, вақте ҳунарпешагон якҷо нақш мебозанд, ба якдигар наздик ва бо ин баҳона ҳатто дӯст мешаванд. 
Вале Наталяву Александр баъди «сёмка» ба якдигар қариб гап назада гузаштаанд. Наталя мехост вохӯранд, суҳбат кунанд, аммо Александр «мегурехт».
Рӯзе нохост дучор омаданд. Наталя, чашмаш барқи шодӣ зада, оғӯш кушод, лекин Александр бо имои сар салом доду аз вай дур гашт. Мулзам монд Наталя. 
Демяненко дар ҳаёти шахсӣ бахтнок набуд. Бо ҳамшаҳриаш Марина, ки низ ба санъат шавқ дошт, 16 сол зиндагӣ кард. Фарзанд наёфтанд, ҷудо шуданд. Зани дувумаш коргардони дубляжи «Ленфилм» – Людмила. Людмила аз шавҳари аввалааш духтар дошт. Александр, ки бефарзанд буд, ба ӯ падарӣ кард. Бо вуҷуди ҳамин, тавре нақл мекунанд, никоҳи дувум низ бобарор набуд. Демяненко бештар танҳоӣ ихтиёр менамуд, соатҳо дар кресло менишаст ва оҳ мекашид. Оне, ки дар филмҳо чун Шурик ҳамаро механдонд, дар кунҷи танҳоӣ ба ҳайкали ғусса мемонд. 

М. ШОДИЕВ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: