ДАР ФОНДИ КИТОБХОНАИ МИЛЛИИ ФИНЛАНДИЯ ЗИЁДА АЗ 300 ДАСТХАТИ БА ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ БОСТОНИИ ӮЗБЕКИСТОН МАНСУБ ЁФТ ШУДАНД

Дар ин бора дар рафти мулоқоти сафири Ӯзбекистон дар Финландия Қадамбой Султонов бо мудири кафедра, профессори Донишгоҳи давлатии забонҳои ҷаҳонии Ӯзбекистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд, коршиноси дар соҳаи тадқиқи дастнависҳо машҳур Гулноз Халлиева маълум шуд.

Вай аз 1 то 26 август дар Финландия шуда, дар он ҷо дар чаҳорчӯби лоиҳаи кафолатноки вазорати инноватсия «Офаридани базаи маълумотҳо ва платформаи электронии дастнависҳои туркӣ, ки дар Ӯзбекистон мавҷуд намебошанд, «Yevroturcologica.uz» ҷустуҷӯи дастнависҳоро анҷом дод.
Ташаббус ба татбиқи қарори сарвари давлат «Дар бораи чораҳо оид ба минбаъд такмил додани қоидаҳои нигоҳдорӣ, тадқиқ ва тарғиби манбаъҳои қадимии хаттӣ» аз 24 майи соли 2017 нигаронда шудааст, ки аз он ҷумла иҷрои «вазифаҳои муҳимро оид ба нигоҳдорӣ, барқарорсозии дастхатҳо, пурра намудани фондҳои мавҷуда, фароҳам овардани шароити зарурӣ барои тадқиқгарони маҳаллӣ ва хориҷӣ барои кор бо манбаъҳои таърихӣ, омӯзиши ҳамаҷонибаи амиқи намунаҳои мероси таърихию фарҳангии мо, тарғиби саҳми беандозаи олиму мутафаккирони  мо ба илму тамаддуни ҷаҳонӣ, ба куллӣ афзудани самаранокии корҳо ҷиҳати тарбия намудани аҳолӣ, пеш аз ҳама, насли наврас дар рӯҳияи эҳтироми амиқ ба мероси бузурги маънавии халқи мо, меҳру муҳаббат ва садоқат ба Ватан пешбинӣ менамояд.
Чун натиҷаи меҳнатҳои пурмашаққат дар Китобхонаи миллии Финландия ба олими ӯзбекистонӣ муяссар гардид, ки дар фонди он мавҷуд будани зиёда аз 300 нусха дастхатҳои марбут ба таърих ва фарҳанги бостонии Ӯзбекистонро муайян кунад. Аз ин 11-тоаш дастнависи луғатҳои тасаввуф, тавсифи хусусиятҳои гиёҳҳои фоиданок ва дигар маводҳои гаронбаҳо мебошанд, ки дар Ӯзбекистон ҳамто надоранд.
Ба гуфтаи Гулноз Халлиева яке аз пурарзиштарин бозёфтҳо осори «Фирдавс-ул-иқбол»-и Мунис ва Огаҳии марбут ба таърихи Хоразми бостонӣ мебошад. Тавре зикр гардид, 9 нусҳаи дастнависи ин асар маълум буда, нусхаи дар Финландия маҳфуз арзиши бузург дошта, аз 1812 сафиҳа иборат аст.
Дар хотимаи мулоқот мувофиқа шуд, ки якҷоя масъалаи ташкили семинари Ӯзбекистону Финландия бахшида ба муайян намудани дастнависҳои номаълум ва дигар манбаъҳои ба таърихи куҳан, анъана ва фарҳанги Ӯзбекистон марбут, инчунин силсилаи мақолаҳои мавзӯӣ таҳия намоянд.

АИ «Дунё»,
ш.ХЕЛСИНКИ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: