Дар гармхонаи инноватсионӣ маҳсулоти содиротӣ парвариш карда мешавад

Сарвари давлат гармхонаи инноватсионии ноҳияи Пахтаободи вилояти Андиҷонро аз назар гузаронд.

Сарвари давлат гармхонаи инноватсионии ноҳияи Пахтаободи вилояти Андиҷонро аз назар гузаронд.

Пештар дар ин ҷо кони регу шағал мавҷуд буд. Дар доираи корҳои оид ба истифодаи оқилонаи замин татбиқшуда дар ин ҷо парвариши зироатҳои кишоварзӣ ба роҳ монда шуд. Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди "Мега Агро" бо истифода аз технологияи испанӣ гармхона сохт.

Обёрии зироатҳо дар гармхона тавассути системаи қубурҳои полиэтиленӣ сурат мегирад, ки дар он об доимо дар гардиш аст ва ба туфайли он сарфи зиёдатии об  пешгирӣ карда мешавад.

Ба соҳибкор 16 гектар замин ҷудо карда шудааст, дар 6 гектар парвариши маҳсулот дар гармхона ва дар майдони кушод ташкил карда шудааст. Дар 2 гектари дигар таҷҳизоти замонавӣ аз Туркия ва Испания насб карда мешавад.

Дар ин ҷо карами "Айсберг", помидор, бодиринг, ниҳолҳои онҳо ва сабзаҳои гуногун рӯёнда мешаванд. Ғайр аз бозори дохилӣ, ба хориҷи кишвар низ расонидани маҳсулот ба нақша гирифта шудааст. Меъёри содирот дар як сол 1,5 миллион доллар пешбинӣ шудааст. Корхона 100 ҷои корӣ фароҳам овардааст.

Сарвари давлат супориш дод, ки дар Андиҷон корхонаи истеҳсоли конструксияҳои металлӣ таъсис дода, қисмҳои воридотӣ, аз ҷумла ҷузъҳо барои гармхонаҳо маҳаллӣ карда шаванд. Қайд карда шуд, ки Донишкадаи кишоварзии Андиҷон бояд суръатфизои рушди инноватсионии соҳаи кишоварзии минтақа гардад.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: