Дар чорабинии тантанавие, ки ба ин муносибат баргузор гардид, намояндагони созмонҳои давлативу ҷамиятӣ, омӯзгорон, хонандагони мактаб ва падару модарони онҳо, куҳансолон иштирок намуданд.
Дар чорабинии тантанавие, ки ба ин муносибат баргузор гардид, намояндагони созмонҳои давлативу ҷамиятӣ, омӯзгорон, хонандагони мактаб ва падару модарони онҳо, куҳансолон иштирок намуданд.
Дар он ҳокими вилоят Ғафурҷон Мирзоев ва директори Оҷонсии рушди мактабҳои президентӣ Ҳилола Умарова ба сухан баромада, махсус таъкид карданд, ки ин муассисаи таълимии замонавӣ натиҷаи ислоҳоти солҳои охири соҳаи маориф буда, барои тарбия ва пешрафти ҳамаҷонибаи насли наврас хидмат мекунад. Таъкид шуд, ки мактабҳои президентӣ ва имкониятҳои васеи барои писарону духтарони соҳибистеъдоду доништалаб фароҳам овардашуда, аз мактабҳои хориҷи камӣ надорад.
Ин муассисаи муҳташами таълимӣ, ки дар маркази шаҳри Гулистон қомат афрохт, барои 168 нафар хонанда пешбинӣ шудааст. Синфҳои таълимӣ бо таҷҳизоти навтарини замонавӣ муҷаҳҳаз мебошанд, компутерҳо ба интернети баландсуръат пайваст карда шудаанд. Дар Мактаби президентӣ бинои сеошёнаи таълимӣ, хобгоҳ, меҳмонхона бо тамоми шароити мусоид, толорҳои варзишӣ, ҳавзи об, ошхона ва хонаҳои дарс омода шудааст.
Дар соли аввали қабул ба муассисаи нав 8974 нафар хонандагони соҳибистеъдод ҳуҷҷат супурданд. Яъне барои як ҷо ба ҳисоби миёна 62,1 нафар талош варзиданд. 144 нафар довталабе, ки холҳои баландро соҳиб гардидаанд, ба синфҳои 5, 6, 7, 8, 9 ва 10 қабул шуданд.
Мактаб ба кор ҷалб намудани 10 нафар омӯзгорони хориҷиро ба нақша гирифтааст, ки 3 нафари онҳо аллакай ба кор шурӯъ кардаанд.
Далер АЗИЗОВ,
хабарнигори
«Овози тоҷик».
Вилояти СИРДАРЁ.