ДАР ГУЛИСТОН МУҶАССАМАИ АЛИШЕР НАВОӢ ҚОМАТ АФРОХТ

Соли 1992 дар маркази шаҳри Гулистон бо таклифи аҳли адаб ва нурониҳои вилоят бо роҳи маблағҷамъкунӣ ҳайкали шоир ва мутафаккири бузурги ӯзбек Алишер Навоӣ гузошта шуда буд.

Моҳи апрели соли равон Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ҳангоми сафараш ба вилояти Сирдарё фармоиш дод, ки ҳайкали Алишер Навоӣ иваз карда шавад.
Муҷассамаи нави Алишер Навоиро бо супориши Академияи бадеии ҷумҳурӣ ҳайкалтарош Илҳом Ҷабборов аз мис офарид, ки 5,8 метр баландӣ дорад.
Ба тадбири кушодашавии ҳайкал намояндагони ҳокимияти вилоят, аҳли адаб, донишҷӯён, мактаббачагон ва дигар шаҳрвандон ҷамъ омаданд. Тадбирро ҷонишини ҳокими вилоят Отабек Абдуғаниев кушод. Сипас Ходими хизматнишондодаи маданияти ҷумҳурӣ, олими навоишинос Ваҳҳоб Раҳмонов, проректори Донишгоҳи давлатии Гулистон, профессор Равшан Маҳмудов, мудири шуъбаи сирдарёгии Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон, шоира Ҳаётхон Ортиқбоеваҳо ба сухан баромаданд.
Аз ҷумла, профессор Равшан Маҳмудов чунин иброз дошт:
— Мо умед дорем ва кӯшиш карда истодаем, ки дар Сирдарё мактаби ба худ хоси навоихонӣ ва навоишиносӣ шакл ёбад. Зеро хонда ҳазм карда натавонистани асарҳои Алишер Навоӣ гуноҳ аст...
Тадбир бо гулгузорӣ ба пойи муҷассамаи Алишер Навоӣ анҷом ёфт.

Тӯхтамиши БОҚӢ,
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Сирдарё. 

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: