ДАР ХАТСАЙРИ НАВ – НАҚЛИЁТИ НАВ

Бо ташаббус ва эътибори сарвари давлат Самарқанд чун бузургшаҳри дунё ба маркази сайёҳӣ ва тиҷорати байналхалқӣ табдил меёбад.

Аз ин сабаб шаҳри Самарқанд ба сифати воҳиди алоҳидаи маъмуриву ҳудудӣ ба тобеияти ҷумҳурӣ гузаронида мешавад. Барои ҳамин таъмини эҳтиёҷоти меҳмонону мизбонон ба ислоҳоти васеи соҳаи  нақлиёти ҷамоатӣ талаботи давр аст.


Чанде пеш Президент дар ҷамъомаде, ки доир ба чораҳои ҷорӣ намудани системаи нави таъмини молиявии нақлиёти ҷамоатӣ барпо шуд, дар ҳамин мавзӯъ ҳарф зада хотиррасон кард, ки дар ин соҳа муаммои зиёде вуҷуд дорад ва яке аз онҳо ташкил намудани хатсайри мувофиқ барои автобусҳои мусофиркаши замонавӣ аст  
Боиси хушнудист, ки дар роҳи беҳбуди системаи нақлиёти ҷамоатӣ ва сатҳи хизматрасонӣ дар шаҳри Самарқанд қадамҳои нахустин гузошта шуданд.
– Бар асоси нақшаҳои рушди инфрасохтори нақлиёти шаҳри Самарқанд ва ширкати хориҷии «Симетра» 41-то хатсайри асосӣ ва 33 хатсайри дараҷаи дуюм ташкил шуда истодааст, – гуфт иҷрокунандаи вазифаи сардори садорати нақлиёти вилоят Акобир Ашӯров, – ширкати «Мароқанд транс – 777» бо мақсади навсозии автосарой аз Хитой 100 автобуси хушсохти замонавӣ хариду то имрӯз 28-тои онҳо аллакай ҳаракат мекунанд.
Вазорати сармоягузорӣ ва тиҷорати хориҷӣ бо бонки аврупоии бозсозӣ ва рушд шартномаи ҳамкорӣ таҳия намуд. Дар асоси он ба шаҳри Самарқанд 350 электробус хоҳад омад, ки нархи он 95 миллион доллар аст.
Минбаъд мувофиқи нақша мусофирон дар тӯли ҳамагӣ ним соат аз як гӯшаи шаҳр ба гӯшаи дигар мерасанд.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА, 
хабарнигори 
«Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: