ДАР ХЕВА ПЕШОМАДИ ТАҲКИМИ РОБИТАҲОИ НАҚЛИЁТӢ ДАР ФАЗОИ СҲШ БАРРАСӢ МЕГАРДАД

12 май дар шаҳри Хева ҳайати 8 давлати аъзои Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ, роҳи оҳан ва ҳавоиро баррасӣ менамоянд.

Ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёти байналмилалӣ яке аз самтҳои асосии ҳамкории давлатҳои аъзои СҲШ мебошад, ки ба он соли равон Ӯзбекистон раисӣ мекунад.
Имрӯз СҲШ яке аз созмонҳои трансминтақавии босуръат рушдёбандаи ҷаҳон мебошад. Ҳайати давлатҳои иштирокдор, иқтидори бузурги иқтисодӣ, сиёсӣ, нақлиётӣ ва транзитии ин сохтор онро ба яке аз иттиҳодияҳои бисёрҷонибаи ояндадори садаи XXI табдил медиҳад.
Қобили зикр аст, ки истифодаи самарабахши нерӯи бузурги нақлиётиву транзитии СҲШ яке аз афзалиятҳои асосии Ӯзбекистон дар созмони мазкур ба ҳисоб меравад.
Ҷониби Ӯзбекистон дар ҷараёни раёсати худ вазифа гузошта буд, ки ба рушди ҳамкориҳои бисёрҷониба дар ин роҳи муҳими стратегӣ такони минбаъда диҳад.
Бо ташаббуси Президент Шавкат Мирзиёев лоиҳаи Стратегияи ҳамкории давлатҳои аъзои СҲШ оид ба рушди ҳамкорӣ ва созмон додани даҳлезҳои  самарабахши нақлиётӣ таҳия гардид.
Қабули ин санади консептуалӣ бешубҳа асосҳои институтсионалии ҳамкории кишварҳои узви СҲШ-ро дар соҳаи алоқаи нақлиёт мустаҳкам менамояд.

АИ «Дунё».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: