ДАР ХИДМАТИ АҲОЛӢ

Дар мамлакати мо тибқи тамоюли «Ҳама чиз барои инсон, ҳама чиз барои хушбахтии инсон» ҳаллу фасл гардидани мушкилоти иҷтимоии аҳолӣ боиси хушнудии онҳо мегардад.

Аз ин боис идораву ташкилотҳои гуногуни давлатӣ дар пайи иҷрои хидмати худ барои қонеъ намудани талабу дархостҳои шаҳрвандон кӯшиш менамоянд. Нозири шуъбаи 4-уми корҳои дохилии шуъбаи муҳоҷират ва бақайдгирии ҳолати шаҳрвандии идораи мутобиқгардонии фаъолияти мақомоти садорати корҳои дохилии ноҳияи Мирзо Улуғбеки пойтахт Бекзод Абдусодиқов аз ҷумлаи онҳост. Ӯ чанд сол аст, ки дар адо намудани вазифаҳои хидматии худ, аз ҷумла, дар ташаккулёбии рӯйихати манзили истиқоматии доимӣ ва муваққатии шаҳрвандон, дар ҷойи худ ҳаллу фасл кардани мушкилоти онҳо фаъолиро аз даст намедиҳад. Инчунин Б. Абдусодиқов ва ҳамкорони ӯ ба суроғаи истиқоматии шахсони маълӯл ва яккаву танҳо баромада, дар бартараф намудани камбудии онҳо аз таҳти дил кумак мерасонанд. Н. Нодирова.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: