ДАР ХИДМАТИ ХАЛҚ

Бо ғайрату шуҷоати калонсолон ва қувваю ташаббускории наврасон бисёр корҳои муфидро ба амал татбиқ кардан мумкин.

Инсони таҷрибанок, серҳаракат,  кордону пухта, ғайратманду шуҷоатнок дар ҷамъият ҷойи худро меёбад. Ба ҳаёт, ба зисту зиндагонии мардум, ба ҷамъият файзу барака мебахшад. 
Тоҳирахони косонсойӣ яке аз ҳамин гуна занҳои пешқадаму ғайратманд ба шумор меравад. 
Ӯ аз давраи бачагӣ ростгӯй, қатъиятнок ба воя расид. Агар гуфтан ҷоиз бошад, ба калону хурди маҳалла «дарс» медод. Ҳушёру чолок буду бисёр китоб мехонд. Дар мавзӯъҳои оиди суд, ҳуқуқ, прокуратура ва асарҳои детективиро бисёртар мутолиа мекард. Ба ҳуқуқшиносӣ шавқу ҳаваси ҷудогона дошт. 
Баъди хатми мактаби миёна орзу дошт ба пойтахт рафта хонаду ҳуқуқшинос шавад. Аммо падару модараш ба сабаби дур будани роҳ ба ин розӣ нашуданд. Вай аз аҳдаш нагашт. Ба идораи суди ноҳия котиба шуда ба кор дохил шуд. Ин саъю кӯшиш ба оянда қадами аввалин ба кори пурмашаққату лекин пуршараф буд.  Соли 1977 баъди хатми факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тошканд дар давоми 9 сол вазифаи раиси суди ноҳияи Косонсойро ба ӯҳда гирифт. Вазифаҳои мудири шуъбаи вилоятии адлия, ҷонишини ҳокими ноҳия, раиси кумитаи занону духтарони ноҳияро ба зимма гирифта, аз таҳти дил фаъолият бурд. 
Соли 2017 ӯро ба «Қабулхонаи халқӣ» роҳбар таъин карданд. 7 сол ин ҷониб, апаи Тоҳирахон ба «дарди» косонсоиён марҳам мешаваду роҳи дуруст нишон медиҳад. Муаммо ва камбудии онҳоро бо идораҳои мутасаддӣ якҷоя ҳал мекунад.  
Хизматҳои шоистаи Тоҳирахон Мӯйдинова аз тарафи давлатамон сазовори эътибор гардид. Медали «Содиқ хизматлари учун» ба кори пуршарафи ӯ мукофот шуд. 
50 сол аст, ки бо ҳамсараш Маҳмудҷон умр ба сар мебаранд. Ду духтару як писарро ба Ватан, ба халқ хизматрасон карда тарбия карданд. Шаҳнозаю Ҷамшед касби модарашонро давом медиҳанд, Гулҷаҳон бошад, бо тарбияи насли наврас машғул аст. 

Шоҳида ДАМИНОВА,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

Вилояти НАМАНГОН.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: