Бекназари Тӯйназар дар бағали кӯҳсори Эҷ ба камол расид.
Пас аз хатми мактаби ҳаштсолаи деҳа ба мактаб-интернати деҳаи ҳамсоя – Синтаб рафта, ду соли дигар дар он ҷо таҳсил мегирад.
Ӯ аз овони ҷавонӣ ба гӯштиву бузкашӣ майлу рағбати зиёд дошт. Зеро мардуми кӯҳистон аз қадим бо чунин намудҳои варзиш алоқа доранд. Тӯю маъракаҳо бо гӯштӣ мегузашт. Барои ҳамин ҳар як деҳаву дара паҳлавонҳои худро дошт. Бояд гуфт, гӯштиро ҳам баъзе афрод як навъи ҳунар медонанд. Паҳлавонон ҳам ба дудаву аҷдоди худ мекашанд.
Баъд бо таъсири муаллими мусиқӣ Қурбонбой Ғаффоров, ки ба деҳаи Эҷ аввалин маротиба рубобро оварда буд, ба сурудхониву навохтани рубоб иштиёқ пайдо кард. Ҳамроҳи ҳамсинфони худ сурудҳоеро аз қабили
Хидмати ҳарбӣ зи дилу ҷон кунем,
Баҳри Ватан кор чу шерон кунем.
ба оҳанг дароварда, дар зери садои рубоб замзама мекард.
Дар Донишкадаи омӯзгории Самарқанд дохил шуда, бо аҳли илму фарҳанги тоҷик аз наздик шинос шуд. Намунаҳои беҳтарини осори адибони милливу ҷаҳониро мутолиа карда, донишу таҷриба фароҳам овард. Пеш аз он ки ба «Овози тоҷик» ба кор ояд, дар мактаби таълими умумии деҳаи Заркенти ноҳияи Паркенти вилояти Тошканд ду сол муаллимӣ мекунад ва сипас як сол хидмати ҳарбиро адо мекунад.
Бо назардошти таҷрибаи омӯзгорӣ муҳаррири шуъбаи давлату ҳуқуқ ва маорифи рӯзномаи «Овози тоҷик»-ро ба зимма дошт ва дар ин вазифа то ба нафақа баромадан фаъолият кард. Дар роҳи пешрафти таълим дар мактабҳои тоҷикӣ мақолаҳои ҷолиб навишта, саҳифаҳои хонданбоб ташкил намуд. Вақти асосии худро ба кори рӯзноманигорӣ бахшид, робитаи рӯзномаро бо муассисаҳои таълимӣ ба қадри тавон роҳандозӣ кард ва дар вақтҳои фароғат бо эҷоди бадеӣ машғул шуд.
Нахустин ҳикояи ӯ, ки дар рӯзномаи «Ҳақиқати Ӯзбекистон» ба нашр расидааст, «Садтаи дигар» ном дошта, ҳанӯз овони донишҷӯйӣ рӯйи чопро дидааст. Пас ҳикояи «Гумон»-и ӯ ба дасти хонандагон мерасад.
Вақтҳои кор дар «Овози тоҷик» ӯро Турсунмурод Раҳимови нанайӣ хеле дастгирӣ карда, барои ба забони ӯзбекӣ нашр шудани ҳикояҳояш мусоидат намудааст, ки адиб аз ӯ доимо ба некӣ ёд мекунад.
Нахустин китобаш соли 1999 бо номи «Бори дил» нашр шуд. Китоби дувум «Дар кӯчаҳои шаҳр» ном дорад, ки соли 2009 рӯйи чопро дидааст. Дар ҳарду китоб навиштаҳои гуногунжанру гуногунмавзӯи адиб ҷой гирифтаанд ва мутолиаи онҳо даре ба рӯйи олами ботинии нависанда мекушояд.
Дар муҳити адабии тоҷикии шаҳри Тошканд адибони барӯманде дорем, ки мавсуф яке аз онҳост ва дар пешбурди насри давраи истиқлол ҷойгоҳи худро пайдо намудааст.
Нависандаи турк Тарик Дурсун гуфта буд: «Ман барои навиштан ҷой интихоб намекунам. Агар ҳикоя хаёлан ба маром расида бошад, онро навиштан лозим, тамом». Адибони чирадаст ғояи ҳикоятро, лозим шавад, моҳҳо дар зеҳни худ мечархонанд, устухонбандии онро дар тасаввуроташон ба вуҷуд оварда, пас бо як нишаст рӯйи коғаз мерезанд. Яъне, ҳикоя маҳсули як давраи муайяне аст, ки аз нутфа бастан дар зеҳн то навишта шуданро фаро мегирад. Эҳсос мегардад, ки ҳикояҳои Б. Тӯйназар низ пас аз гузаштани марҳилаҳои гуногуни шаклбандӣ бо як такони зеҳнӣ эҷод шудаанд.
Б. Тӯйназар даъвои нависандагӣ намекунад ва ин навиштаҳои худро машқе дар эҷоди ҳикояву эссе медонад. Ба ин хотир, ҳикояву қиссаву эссеҳои худро бо фикри ба нашр расондани китобе нанавиштааст. Он ҳама навиштаҳои адиб маҳсули таҷрибаи солҳои гуногуни фаъолияти эҷодиаш мебошанд. Мақолаву очерк ва ҳикояҳояшро бар асари муҳаббату иштиёқи ҷавонӣ рӯйи об меовард, ки ниҳоят, инҳо мисли мақолаву очеркҳо ба кори ҳирфаии ӯ табдил ёфтанд. Ҳикояву қисса шояд дар навиштаҷоти дигари ӯ низ соя андохта бошанд, ки ҳар як таровидаи қалами адиб воқеабандиҳои хосе дорад. Асарҳои ба дилаш наздикро такрор мехонад, кирдукори қаҳрамонҳои асарро мавриди таҳлил қарор медиҳад ва ниҳоят, хулосаву бардошти худро пешкаш месозад.
Б. Тӯйназар дар навиштаҳои худ бештар аз калимаву ибораҳои ба ҳамагон маълум истифода мебарад. Зеро наср барои оммаи мардум навишта мешавад ва халқ бояд забони осори нависандаро бидуни мамониат дарк кунад. Ба андешаи ӯ адиб маҳораташро на дар мураккаб кардани забон, балки дар офаридани ғояҳои баланд бояд нишон диҳад.
Ҳар як нависанда маводи асарҳои худро аз забони зиндаи халқ мегирад. Бекназари Тӯйназар низ чунин аст. Ба тариқи мисол аз гуфтугӯи одамон мисол меорад ва мегӯяд, ки модари ӯ мегуфтааст: «Ман шаш нохун дорам». Яъне, ишора ба шаш нафар фарзанд доштан. Ё холаи адиб зимни кор дар майдони пахта ба саволи он ки чӣ мешавад, ки муаммоҳои ба пахта алоқамандро ба ҳисобчӣ расонад, агар ӯ ҳал карда натавонад, ба бригадир гӯяд, агар ӯ ҳам ба ин муаммо равшанӣ андохта натавонад, ба раисашон муроҷиат кунад. Ӯ чунин посух медиҳад: «Ҳама аз як даҳон гап мезананд» – як фикрро такрор кардани ҳама.
Нависанда ҳоло болои ду асари худ – «Раҳоӣ аз дард» ва «Гадо душмани гадо» кор карда истодааст. Инчунин, ният дорад, ки асари «Бе ту мушкил, бо ту мушкил»-ро, ки қаблан ба таври фишурда дар «Овози тоҷик» нашр шуда буд, аз нав кор карда такмил диҳад ва ба таври пурра тақдими муштариён гардонад.
Як хусусияти муҳими насри Б.Тӯйназар дар он аст, ки аз усули муколама бамаврид истифода мебарад. Гуфтугӯйи байни қаҳрамонҳо ба ҳамаи тарафҳои масъалаи мавриди баҳс рӯшанӣ меандозад.
Адиб соли 1999 дар озмуни «Беҳтарин журналисти сол» ғолиб омада, хидматҳои шоёнаш бо медали «Шуҳрат» тақдир гардидаанд.
Б. Тӯйназар соҳиби оилаи обод аст. Ҳамроҳи янгаи Сатира ду писару як духтарро тарбия карда ба камол расонданд. Ҳамаи онҳо соҳиби хонаву дар шудаанд ва панҷ набераи мағзи бодом гирди онҳо парвона.
Хушбахтона, устод Б. Тӯйназар аз ҷумлаи он адибони барӯмандест, ки дар хиёбони насри муосири тоҷик огоҳона қадам мезанад ва бори андешаашро манзури ташнагони асарҳои намакини хеш мегардонад.
Вақте аз адиб суол кардам, ки чаро вақтҳои охир навиштаҳои худро кам ба нашр мерасонад, дар ҷавоб гуфт, ки баъзе ҳамдиёрону ҳамкорон ва шиносҳо дар симои қаҳрамонони ҳикояҳои ман худро тасаввур карда, баъзан домангир мешаванд ва гила мекунанд, ба ин хотир, барои домангир нашудани онҳо баъзан чопи навиштаҳоямро ба таъхир меандозам. Ман дар яке аз ҳикояҳое, ки хеле пештар навишта шудаву «Бори дил» ном дорад, чунин муаммоҳоро қисман баён карда будам.
Ҳикояи номбурдаро, ки як паҳлуи асосии ҳолати имрӯзаи адиб дар он таҷассум гардидааст, бо баҳонаи ҷашни солрӯзи ӯ пешкаши хонандагони рӯзнома мегардонем.
Хусрав САЪДУЛЛОҲ,
муҳаққиқи адабиёт.