Дар ин ҷо барои таълиму тарбия, ҳунар омӯхтан, мунтазам машғул шудан ба эҷод ва навъҳои варзиш ҳамаи шароит фароҳам оварда шудааст.
Дар хонаи шафқати рақами 1-уми ноҳияи Хӯҷайлии Қароқалпоқистон наздик ба 130 нафар кӯдакони бепарастор, фарзандони оилаҳои камтаъмин тарбият меёбанд. Дар ин ҷо барои таълиму тарбия, ҳунар омӯхтан, мунтазам машғул шудан ба эҷод ва навъҳои варзиш ҳамаи шароит фароҳам оварда шудааст.
Ба наздикӣ як гурӯҳ ҷавонон иборат аз вакилони шӯроҳои марказии Иттифоқи ҷавонони Ӯзбекистон ва Қароқалпоқистон дар хонаи шафқат ба шароитҳое, ки дар ин ҷо офарида шудаанд, аз наздик шинос шуданд. Дар давоми ташриф онҳо ба хурдтаракон туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд.
Дар сурат: хонаи шафқати рақами 1-уми ноҳияи Хӯҷайлии Ҷумҳурии Қароқалпоқистон.
Суратгир: М.ҲАБИБУЛЛОЕВ (ӮзА).