ДАР ХОНАВОДАҲОИ АҲОЛИИ АНДИҶОН ПАНЕЛҲОИ ОФТОБӢ УСТУВОР КАРДА МЕШАВАНД

Дар мамлакати мо солҳои охир барои шабакаҳои иқтисодиёт, иншооти соҳаи иҷтимоӣ, хонаводаҳои аҳолиро мунтазам бо захираҳои энергетикӣ таъмин кардан, сарфа намудани захираҳои мавҷуди энергия, бахусус ба роҳ мондани истифода аз хелҳои энергияи муқобил корҳои васеъмиқёс татбиқ мешаванд.

Бо вуҷуди ин бинобар дар мамлакат зиёд будани талабот ба энергия, истифодаи нооқилона аз захираҳои табиӣ, дуруст ба роҳ намондани кори истифода аз технологияҳои пешқадам ва инноватсионӣ барои мунтазам инкишоф ёфтани иқтисодиёти мамлакат як қатор муаммоҳоро ба миён меоваранд.
Аз байн бардоштани ин мушкилот бобати дар тамоми шабакаҳои иқтисодӣ ба натиҷаҳои баланд муваффақ шудан имкон медиҳад, ҷорӣ намудани технологияҳои пурсамар ва аз ҷиҳати экологӣ тоза, усули самаранокии истифода аз захираҳои табиӣ ва энергетикиро зиёд менамояд.
Бо назардошти ин дар вилояти Андиҷон низ барои кам кардани харҷи энергияи электр, аз тариқи васеъ ҷорӣ намудани таҷҳизоти энергияи муқобил дар ҳудудҳо мунтазам таъмин намудани иншооти соҳаҳои иҷтимоӣ, бахусус, хонаводаҳои аҳолӣ бо энергияи муттасили электр корҳои  сазовори эътибор амалӣ мегарданд.
Аз ҷумла, дар ду моҳи охир бисёр корхона, ташкилот, муассиса, инчунин хонаҳои бисёрошёна, дар қисмати даромади хонаҳои аҳолии вилоят гузоштани асбобҳои сарфакунандаи энергия ба  кам шудани исрофи энергия имконият фароҳам меоваранд. Ғайр аз ин ба хонаводаҳо дар доираи лоиҳаи «Воми сабз» панелҳои офтобӣ устувор карда мешаванд, ки самараи корҳои дар ин бобат иҷрошавандаро беш аз пеш меафзояд.
Ба раисони 34 ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи ноҳияи Избоскан дар пояи лоиҳаи «Воми сабз» ба тариқи намуна панелҳои офтобӣ супурда шуданд.
– Панелҳои офтобӣ, ки дар асоси «Воми сабз» устувор мешаванд, муаммоҳои вобаста ба энергияи электрро куллан бартараф хоҳанд кард, – мегӯяд раиси ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи Қораянтоқи ноҳияи Избоскан Марҳабо Мӯъминова. – Минбаъд дар хонаҳои мо энергияи электр мунтазам мешавад ва мо кам бошад ҳам, ба сарфаи энергияи электр саҳми худро мегузорем, аз ҳама асосиаш барои супурдани андози замин, молу мулк соҳиби як қатор имтиёзҳо мегардем.
Дар ноҳия барои дар хонаводаҳо бо низоми муайян устувор кардани панелҳои офтобии аз ҳар ҷиҳат мусоид, муфид ва бехатар корҳои амалӣ андешида шуданд.

Фахриддин 
УБАЙДУЛЛОЕВ,
хабарнигори ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: