Дар Хоразм шаш корхонаи нав ба кор дароварда шуд

  • Дар Хоразм шаш корхонаи нав ба кор дароварда шуд

Сарвари давлатамон бо фаъолияти корхонаи бофандагии ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Янгибозор текстил агрокластер» дар вилояти Хоразм шинос шуд.

Дар доираи лоиҳаи мазкури арзишаш беш аз 13 миллиард сӯм таҷҳизоти замонавии хориҷӣ насб карда шуд. Иқтидори истеҳсолии он соле 5 миллион маҳсулоти тайёри трикотажӣ мебошад. Ба содирот баровардани 65 фоизи маҳсулот ба нақша гирифта шудааст.

Имрӯз дар ин ҷо қариб 500 нафар занон кор мекунанд. Шавкат Мирзиёев бо онҳо суҳбат ороста, бо раванди технологии корхона шинос шуд. Коргарон қайд карданд, ки саноат ба ноҳияҳои дурдасттарин ҳам меояд ва онҳо аз он шоданд, ки дар чунин корхонаҳои замонавии назди хонаҳояшон кор мекунанд.

Дар ин ҷо ҳамчунин маросими ба истифода додани шаш корхонаи нав дар вилояти Хоразм баргузор шуд. Инҳо корхонаҳои «Эко Оби ҳаёт» оид ба истеҳсоли маҳсулоти гаҷу картонӣ дар шаҳри Урганҷ, «Зокиров» оид ба истеҳсоли винтҳои худтанзимкунӣ дар ноҳияи Урганҷ, навбати дуюми Комбинати қолинбофии Хева, корхонаи «Коба текс» оид ба истеҳсоли матоъ дар ноҳияи Боғот, «Хоразм Солт Бизнес» оид ба истеҳсоли намаки техникӣ дар ноҳияи Урганҷ ва «Хорезмтекс Фейшн» оид ба истеҳсоли маҳсулоти дӯзандагиву трикотажӣ дар ноҳияи Хонқо мебошанд.

Намояндагони ин корхонаҳо тавассути алоқаи видео дар бораи имкониятҳои худ нақл карданд.

Президент Шавкат Мирзиёев тугмаи рамзиро пахш карда, корхонаи навро ба кор даровард.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: