ДАР ХОРИҶ ТАҲСИЛ ГИРАМ ҲАМ, БА ВАТАН ХИДМАТ МЕКУНАМ

Дар панҷ соли охир барои мо – ҷавонон нафақат дар муассисаҳои таълими олии мамлакат, балки дар таълимгоҳҳои олии бонуфузи хориҷӣ таҳсил гирифтан имкониятҳои васеъ фароҳам оварда шудааст.

Ин аз мо талаб мекунад, ки баробари илм забонҳои хориҷиро низ омӯзем. Дар ин ҷода камина ба пеши худ мақсад гузоштам, ки дар оянда дар хориҷа таҳсил гирам. Оиди забони англисӣ дар машғулиятҳои иловагӣ иштирок кардам.
Солҳои таҳсил дар Донишгоҳи ҳуқуқшиносии Тошканд баробари машғулиятҳо дар корҳои ҷамоатӣ фаъол иштирок кардам. Соли ҷорӣ бакалавриати донишгоҳро ба итмом мерасонам. Аз имтиҳони забони англисӣ (IELTS) 6,5 хол ҷамъ оварда, якбора ба 10 донишгоҳи хориҷӣ қабул шудам. Аз ҷумла, ба 4 донишгоҳи ИМА, ба 3 донишгоҳи Фаронса ва Англия.
Ин комёбии ноилгардидаам нафақат самараи дар ҷодаи илм заҳмат кашидан, инчунин ҳиссаи падару модарам – бошандагони ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи Қизилтепаи ноҳияи Чуст Яҳёхон ва Умрияхон Котибоваҳо калон аст.
Камина Донишгоҳи Сан-Франсискои ИМА-ро интихоб кардам. Он яке аз донишгоҳҳои бонуфузи дунё ба шумор меравад. Баъди хатми донишгоҳ ба мамлакатамон омада ба равнақи кишварам хидмат мекунам.

Иззатулло КОТИБОВ,
хатмкунандаи Донишгоҳи ҳуқуқшиносии Тошканд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: