ДАР ХӮҶА ҒУНҶОРӢ ЧӢ ГАП?

Шаҳри Бухоро 65-то маҳалла дорад.

 Мувофиқи қарори Президент аз 27 июли соли 2018 «Дар бораи чораю тадбирҳои иловагӣ бобати дар амал татбиқкунии Барномаи давлатии «Маҳаллаи обод» дар соли 2018» маҳаллаҳои №12-и «Хӯҷа Ғунҷорӣ» ва №14-и «Ибни Сино» шомили ҳамин барнома гардида буданд. Азбаски бинои нави идораи маҳаллаи «Хӯҷа Ғунҷорӣ» дар арафаи ба истифодасупорӣ буд, мо сӯйи идораи муваққатии маҳалла раҳсипор гардидем. Пештар ин маҳалла «Аббос Алиев» ном дошт ва ҳоло номи «Хӯҷа Ғунҷорӣ»-ро гирифтааст. Навиштаҷоти «Хӯҷа Ғунҷорӣ» диққатамро сӯйи худ кашид. 
Муаллифи китоби «Таърихи Муллозода» ё ки «Китоби Муллозода» Аҳмад ибни Маҳмуд Хӯҷа Ғунҷор Пардозгарон (1367-1448) буда ин асарро «Тазкироти Шайхи Бухоро» низ меномидаанд. Мутаассифона асари дигари ӯ «Таърихи Бухоро» то мо омада нарасидааст... Дар поён ин байт оварда шудааст:
Некон ба ҷидду ҷаҳд ба мақсад мерасанд,
Ноқобилон ҳавола ба тақдир мекунанд.
Дар идора котиби масъули маҳалла Дилрабо Саломова ва мутахассиси корҳо бо бонувон ва мустаҳкам кардани арзишҳои маънавию ахлоқӣ дар оила Мубина Раҳматова бо корафтодагон мулоқот доштанд. Раиси ҷамоати шаҳрвандон Рашид Саидов дар мақомоти корҳои дохилӣ кор карда ба нафақа баромадааст ва аз соли 2016 ин ҷониб раиси маҳалла аст.
– Маҳаллаи мо 3772 нафар аҳолӣ дорад. 90 фоизи онро тоҷикон ташкил мекунанд, – оғоз намуд вай. – Боғи маданият ва истироҳати Сомониён низ дар ҳудуди мост. Маҳалла соли 1975 ташкил ёфтааст. Дар ин ҷо ду муассисаи таълими томактабии «Ғунча» ва «Иқбол», маркази захираҳои ахбори соҳаи таълими халқ, мактаби тайёркунии ронандагони автомобил, комбинати таълимию истеҳсолии гунгу сақавҳо,зиёратгоҳи Шайх Зиндапил Аҳмади Ҷомӣ, майдони футболи ҷавонон мавҷуд аст.
Артисти хидматнишондодаи Ӯзбекистон, соҳиби ордени «Эл-юрт ҳурмати», роҳбари ансамбли фолклории «Моҳу Ситора» шодравон Олия Ҳасанова сокини маҳаллаи мо буд. Мо имрӯз бо зодагони маҳалла, Артисти хидматнишондодаи Ӯзбекистон Нишон Отамуродов, шоир Асад Гулзодаи Бухороӣ ва ғайра фахр мекунем. Дар маҳалла анъанаҳои беҳтарин ва арзишҳои миллӣ аз қабили дӯстию рафоқат, меҳру оқибат, инсонпарварӣ, илмдӯстӣ, қадршиносӣ, кӯмакрасонӣ амал мекунад. Ҳафт комиссия аз қабили оштикунӣ, ҳимояи иҷтимоӣ, ҳифзи ҳуқуқи истеъмолгарон, кӯмак ба рушди фаъолияти соҳибкорӣ «Шӯрои хушдоманон» баҳри пешравии кор кӯмак мерасонад. Рӯзи панҷшанбе дар мо ҳам чун рӯзи профилактикаи қонуншиканиҳо аҳамияти ҷудогона дорад. Мо ба мактаби рақами 14 рафта иштироки талабагони ҳудудамонро ба дарс назорат мекунем, бо волидон, оилаҳо мулоқот мегузаронем. Рӯзҳои шанбею якшанбе дар маҳалла ҳамчун рӯзҳои ободгардонӣ аҳамият дорад.
Ба дастгирии оилаҳои яккаю танҳо, камдаромад, ногиро пайваста мекӯшем. Масъалаи бошуғлфарогирии сокинони маҳалла дар маркази диққати мост. Аз 37 нафар шаҳрвандони бекормонда 25 нафарашон бо кор таъмин шуданд.
Тӯю маросимҳо мувофиқи талаби замон камхарҷ мегузаранд. Бобати ҳалли масъалаҳо дар ҳудуд, тифоқию осоиштагии мардум, пешгирии рафтори ношоиста фаъолони маҳалла Абдулло Муҳаммадев, Раҳмон Ғуломов, Мӯҳсина Ёдгорова, Олия Рашидова, Ширин Турсунова ёрии худро дареғ намедоранд. Ба барномаи «Маҳаллаи обод» шомил гардидани маҳаллаи «Хӯҷа Ғунҷорӣ» баҳри ҳаллу фасли масъалаҳои ҳудуд омили муҳим гардид. 
Бо мақсади аз байн бурдани тирбандии воситаҳои нақлиёт дар роҳҳои маҳалла дар кӯчаҳои Ҳавзинав ва Мирдӯстим як қисм хонаҳо пурра, қисми дигарашон қисман вайрон гардид. Соҳибони ин қабил хонаҳо бо манзили нав, замин ва маблағи пардохти зарар таъмин гардиданд. Дар натиҷа роҳҳо васею асфалтпӯш гардонда, рафтуои мошинҳо ба ду тараф ҷудо шуд. Хатҳои нақли об, газ, барқ нав шуд. Хонаҳоро хати канализатсия фаро гирифт. Даруни кӯчаҳои Ҳавзибодом ва Мирдӯстим мумфарш гардиданд. Аз 9-то бинои бисёрошёна 7-тоаш таъмир ёфт. Дарҳои пултдор сохта шуд. Ду майдони бачагон бунёд шуд. Як нуқтаи партовғункунӣ ба вуҷуд омад. Шабона чароғҳои қатори кӯчаҳо файзи маҳалларо меафзоянд. Иморатҳои ғайриқонунӣ аз байн рафта, кӯчаҳо ба тартиб даромаданд. Муассисаи таълими томактабии №83 аз таъмири асосӣ баромада миқдори ҷойҳояш ба 140-то расид. Муассисаи томактабии №81 аз нав сохта мешавад ва он бояд ҳамин моҳ ба кор дарояд. Бинои нави маҳалла бо усули шарқона, дорои қулаиҳои замонавӣ сохта шуд. Рӯзи Наврӯз нияти он ҷо кӯчидан дорем. Хуллас, масъалаҳои понздаҳсола   дар давоми як сол ҳалли худро ёфтанд. 
– Маҳаллаи шумо аз дигар маҳаллаҳо фарқ мекунад? – пурсидам аз раис.
– Дар маҳаллаи мо «таърихи зинда» – иштироккунандаи Ҷанги дуюми ҷаҳон Ҳабиб Валиев буду бош дорад. Дигар қаймоқбозор, нонбозор, маркази оши софӣ ва шириниҳои соҳибкор Фахриддин Сатторови маҳаллаамон дар шаҳр мавқеи ба худ хос дорад, – қаноатмандона ҷавоб дод вай.
– Оиди интихоботи пешистода, ки моҳи май сурат мегирад, чиҳоро медонед? – боз пурсидам аз вай.
– Мувофиқи қонуни нав ваколати раис (оқсақол) ба ҷойи 2,5 соли пештара акнун 3 сол муқаррар шудааст. Дуюм, овоздиҳӣ дар интихобот фақат пинҳонӣ сурат мегирад. Сеюм, акнун дар интихобот фақат раис интихоб мешавад, на мисли пештара ҳам раису ҳам мушовирон. Вобаста ба интихобот дар се семинар-тренинг иштирок кардем. Интихоботи пешистода барои мо, роҳбарони маҳаллаҳо ҳам имтиҳони ҷиддӣ, ҳам масъулияти бузург аст. Ин интихобот, бешубҳа, бобати  амиқтарсозии демократия дар ҷомеа ва озодона ифодаёбии иродаи мардум воқеаи таърихӣ мегардад.

Амрулло АВЕЗОВ, 
хабарнигори 
«Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: