Маркази аврупоии пешгирӣ ва назорати бемориҳо (ECDC) дар гузориши нав эълом кард, ки дар Аврупо шумораи сироятҳои зуком афзоиш меёбад ва мавсими вирус метавонад то тобистон тӯл кашад.
Дар ин бора хабаргузории Reuters бо такя ба маълумоти Маркази Аврупо оид ба пешгирӣ ва назорати бемориҳо (ECDC) хабар додааст.
Бозгашти зуком метавонад ба вазъи пандемияи дукарата ё ба истилоҳ твендемия оварда расонад, менависад “Lenta.ru”.
Тадбирҳои маҳдудкунандаи зидди COVID қаблан боиси аз байн рафтани вирус шуда буданд, аммо имсол вазъ тағйир ёфт ва сироят босуръат паҳн шуд.
Дар моҳи декабри соли 2021 шумораи гирифторони зуком дар муассисаҳои тиббии Аврупо қуллаи баланд дар ҳафтаи охири соли гузашта расид. Ин сатҳ нисбат ба пеш аз пандемия пасттар аст (дар моҳи декабри соли 2020 танҳо як ҳолати вазнин ба қайд гирифта шуда буд), аммо бозгашти зуком то ҳол боиси нигаронии зиёд аст. Коршиносони ECDC ҳушдор додаанд, ки твендемия ба системаҳои миллии тандурустии ИА бори иловагӣ мегузорад, ки онҳо аз ӯҳдаи идоракунии анбуҳи зиёди беморони гирифтори COVID-19 баромада наметавонанд.