Натиҷаи таҳлилҳое, ки рӯзномаи "Daily Mail" анҷом додааст, нишон медиҳад, ки аз соли 2018 то ҳол дар ИМА бар асари истифодаи доруи зидди диабети "Оземпик" ва дигар доруҳо барои кам кардани вазн 162 нафар вафот кардаанд.
Таъкид мегардад, ки то ҳол ягон марг дар натиҷаи таъсири бевоситаи дорувориҳо исбот нашудааст. Коршиносон қайд мекунанд, ки бобати афзудани омори марг чунин воситаҳои доругӣ низ нақши муҳим доранд. Умуман, дар солҳои 2023-2024 шумораи одамоне, ки бо истифода аз доруҳои кам кардани вазн фавтидаанд, якчанд маротиба афзоиш ёфтааст. Масалан, ҳамин нишондиҳанда дар соли 2022 - 18, соли 2023 - 58 ва дар нимсолаи аввали соли 2024 - 57 нафарро ташкил дод.
Қаблан телевизиони CNN хабар дода буд, ки дар одамоне, ки Оземпик мегиранд, фикри ба худкушӣ даст задан ба 45 дарсад меафзояд. Ин дору, ки семаглутид низ номида мешавад, дар ибтидо ҳамчун як гормон муайян карда шуд, ки ба танзими сатҳи қанди хун дар беморони гирифтори диабети навъи дуввум кӯмак мекунад. Баъдтар онро барои аз даст додани вазн истифода бурданд.