Сайид Бобоевро тирамоҳи соли 1998 шинохтам.
Албатта, мо пештар ҳам якдигарро медонистем, аммо тирамоҳи ҳамон сол банда Сайидро чун марди худшиносу мубориз, халқпарвару адолатпеша кашф кардам ва ба ӯ ҳусни таваҷҷӯҳам афзуд. Он сол бо амри тақдир, банда вазифаи раисии ҷамоати худидоракунии шаҳрвандони «Шӯрӯ-зак»-ро дар ӯҳда доштам. Ҳар рӯз ду маротиба ҳокими ноҳия маҷлис мегузаронд: пагоҳӣ ҳанӯз чашми рӯз накафида ва бегоҳӣ пас аз намози шом. Мавсими пахтачинӣ оғоз ёфту маҷлисравии мо ҳам бештар шуд. Масъала якто – ба ғунучини пахта сафарбар кардани халқ. Азбаски он солҳо ба чинакчиён музди ночиз медоданду ба қавле ба он “гурба ба офтоб намебаромад”, қисми зиёди аҳолии қобили кор барои пахтачинӣ ба ҷумҳурии ҳамсоя мерафт. Маъмурияти ҳокимияти ноҳия талаб мекард, ки мо одами набударо ёфта, ба пахтачинӣ барорем... Дар яке аз чунин маҷлисҳо ҳокими ноҳия аз раиси хоҷагии ҷамоавии ба номи Қодирқул Султонов пурсид:
– Имрӯз чанд нафар ба пахтачинӣ баромаданд?
– Фалон нафар, – ҷавоб дод раис.
Ҳоким аз ҷавоби раис сахт оташин шуда, ба сардори милитсия ва додситони ноҳия фармуд, ки пагоҳӣ подаи халқи хоҷагиро ба чарогоҳ роҳ надиҳанд. Хонаводае, ки ба пахтачинӣ иштирок намекунад, аз истифодаи гази табиӣ ва қувваи барқ маҳрум карда шавад...
– Не, рафиқ ҳоким! – қадаме пеш баромада, хитоб кард раис, ҳанӯз сухани ҳоким ба охир нарасида, – ин корро намекунед. Ба ҳар ҳол то он даме, ки ман раисам, ба ин кор роҳ намедиҳам. Аввал маро аз вазифа сабукдӯш карда, баъд, агар тавонед, ҳар чӣ хоҳед кунед.
Он солҳо ба ҳокими ноҳия бо чунин оҳанг сухан гуфтан ҷасорати фавқулодда буд. Толори маҷлисро, ба қавле “об задагӣ барин” сукунат фаро гирифт. Ҳоким аз ин ҷасорати раис лаҳзае карахт монда, сипас “бо ту алоҳида гап мезанем” — гуфт ва мавзӯъро тағйир дод.
Он замон раиси хоҷагии ҷамоавии ба номи Қодирқул Султонови ноҳияи Сайҳунобод Сайид Бобоев буд ва ин ҷасорати ӯ дар назди ашхосе, ки вайро ба хубӣ мешиносанд, табиати муқаррарӣ ва рӯзмарраи ӯ будааст. Зеро Сайиди худшинос қадру қимати хешро аз ҳар вазифаву мансаб болотар медонист. Тобистони ҳамон сол низ як ҷасорати Сайид ҳамаро қоил кард. Ҳокими ноҳия аз минбари баланде ваъда дод, ки пахтаро фақат як маротиба об дода, ҳосили фаровон ба даст меорад. Мутахассисони соҳа, деҳқононе, ки устухонашон дар пайкалҳои пахта сахт шудааст, мегуфтанд, ки ин кори ношуданист. Аммо ҳоким рухсат намедод, ки ба пайкалҳои пахтаи аз беобӣ қатрон об кушоянд. Роҳбарони тамоми хоҷагиҳои ноҳия ба ҷуз Сайид ба тақдир тан доданд. Ӯ чора меҷуст. Раис ду нафар деҳқони ботаҷрибаи хоҷагиро ба УАЗ-аш савор карда, ҳамаи қитъаҳои замини колхозро давр зада баромад ва ҳар се ба хулосае омаданд, ки агар як ҳафтаи дигар ниҳолҳои пахта бе об монад, ҳосили 2300 гектар замин нобуд мешавад.
Рӯзи дигар саҳарии барвақт Сайид ба маркази вилоят назди муовини ҳокими вилоят Юсуфҷон Йӯлдошев рафта, буду шуди воқеаро нақл кард. Юсуфҷон Йӯлдошев солҳои дароз раиси кумитаи иҷроияи ноҳияи Сайҳунобод буд ва бемуболиға, шароити ҳар як қитъаи замини ноҳияро ба хубӣ медонист. Бо вуҷуди ин ҳамроҳи Сайид ба колхоз омада, аҳволро бо чашми худ дид...
Бегоҳии ҳамон рӯз дар маҷлиси навбатӣ ҳоким ба раис “неш” зад.
– Ба ту рухсат, пахтаатро об дор, аммо бидон, пули давлатро беҳуда исроф мекунӣ. Мебинӣ, дигарон бе об ҳам аз ту зиёдтар ҳосил мегиранд.
Сайид, ҳарчанд кӯшид, худдорӣ карда натавонист. ”Чӯҷаро дар тирамоҳ мешуморанд”, гуфту ба ҷояш нишаст. Ва “чӯҷа”-ҳои колхоз беталаф ба воя расиданд. Аз пахта ҳосили фаровон рӯёнда шуд...
Қаҳрамони мо Сайид Бобоев соли 1959 дар маҳаллаи Пахтаободи (он солҳо колхози ба номи Карл Маркс) ноҳияи Сайҳунобод дида ба дунё кушодааст. Вақте ки Сайид чорсола буд, падараш Тошмурод Бобоев ба таври фоҷиавӣ вафот кард. Тарбияи чор нафар кӯдак – се писару як духтар ба зиммаи модар монд. Ба бахти модар фарзандон ҳама қобил баромаданд...
Сайид пас аз хатми мактаби миёнаи зодгоҳаш ба факултаи механика-математикаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дохил шуда, онро соли 1982 бо дипломи имтиёзнок хатм кард. Аз ҳамон сол фаъолияти меҳнатии Сайид Бобоев оғоз ёфт. Азбаски замираш поку орзуву умедаш беолоиш буданд ва мехост фардоро беҳтар аз имрӯз дарёбад, аз рӯзе, ки корро сар кард, талошаш баҳри номи пок, муборизааш алайҳи «каҷ дору марезҳо»... низ сар шуданд. Пас аз як сол Сайид Бобоевро ба ташкилоти сохтмон ба кор даъват намуданд. Ӯ дар ин ташкилот се сол меҳнат кард. Соли 1986 бо тавсияи роҳбарияти ноҳия ӯро ба хоҷагие, ки он ҷо хуни нофаш рехта буд, яъне колхози ба номи Қодирқул Султонов ба вазифаи сариқтисодчӣ таъин карданд.
Сайид Бобоев дар сари кадом вазифае набошад, бо меҳру муҳаббат меҳнат мекард. Виҷдони бедораш ҳамеша маслиҳатгӯйи аввалини ӯ буд. Дар зодгоҳи худ ба сифати роҳбар кор кардан душвориҳои ба худ хос дорад. Азбаски чорчӯбаи қонун ҳаст ва Сайид ба он чун ба муқаддасот эҳтиром дорад, мушкили ҳамаро осон кардану дили ҳамаро дарёфтан корест сангин. Бо вуҷуди ин, Сайид кӯшиш мекард, ки корафтодае аз назди вай малӯлу ноумед пас нагардад. Агар иҷрои талаб ғайри имкон бошад, Сайид ҳама корро як сӯ гузошта, ба корафтода бо факту далелҳои раднопазир мефаҳмонд, ки ин кор ношуданист ва аз ин рӯ ҳама аз назди ӯ розию қаноатманд мебаромаданд... Солҳои сариқтисодчӣ буданаш даромаднокии хоҷагӣ зина ба зина боло мерафт. Баробари чун гавҳараки чашм эҳтиёт кардани моликияти колхоз ӯ боз кӯшиш ба харҷ медод, ки ба ягон тини музди меҳнати халқ хиёнат нашавад. Мизони адлу инсоф барояш муқаддас, ки буд, дар ин ҷода ба хешу дарвеш бо як чашм нигоҳ мекард. Ва дере нагузашта ӯро чун иқтисодчии ҳалолкору чашмикордон на танҳо дар ноҳия, балки дар миқёси вилоят эътироф карданд.
Аввали моҳи январи соли 1991 Сайидро котиби аввали ҳизбии ноҳия шодравон Шавқиддин Мирзоев ба наздаш даъват кард.
– Сайидҷон, мо дар ғайби шумо қарор кардем, ки як вазифаи хеле бомасъулиятро ба дӯшатон бор кунем, – гуфт котиб пас аз ҳолпурсии таомулӣ.
– Аз пагоҳ дар вазифаи муовини раиси кумитаи иҷроияи ноҳия кор сар мекунед.
Бори ин вазифа хеле гарон буд. Аз ин рӯ, ӯ муддате хомӯш монду пас ба котиб рӯ овард:
– Миннатдорам, ки маро ба чунин вазифаи масъул муносиб донистаед, аммо алҳол масъулияти сариқтисодчигӣ бароям кифоя аст. Боз як бор ташаккур рафиқ котиб.
– Сайидҷон, шумо пеш аз рад кардан нағзакак фикр кунед. Албатта, дигар номзадҳо ҳам ҳастанд, аммо ба мо одаме лозим, ки масъулиятшиносу ҳалолкор бошад. Аз ҷониби кумитаи ҳизбии ноҳия эътироф гардидани хислатҳои неки шумо магар шараф нест? Ҳоло равед, вале пагоҳ шуморо дар ҳамин соат бо ҷавоби ба мо қобили қабул интизорем.
Муовини раиси кумитаи иҷроияи ноҳия мансаби хурд набуд ва масъулияташ низ. Котиби якум марди олиҷаноб буд ва Сайид нахост ҳавсалаи ӯро пир кунад. Розӣ шуд. Ҳафт сол кор кард Сайид дар ин вазифа ва дар ин муддат гӯше нашунидааст, ки ӯ касеро ранҷонда ё барои ҳатӯлкорӣ танбеҳе шунида бошад...
Тавре ки дар боло ишора рафт, Сайид Бобоев як умр бо талош зиндагӣ кард. Талоши ӯ баҳри беҳбудии кор ва некӯаҳволии халқ буд. Ба равандҳои хеш содиқ мондан осон набуд. Зеро адлу инсоф либосест, ки на бар тани ҳама қоим меояд...
Мо дар боло ду лавҳаро аз солҳои раисиаш дар хоҷагии ҷамоавии ба номи Қодирқул Султонов, ки худ шоҳиди он будем, иншо кардем. Чунин мисолҳоро аз солҳои муовини раиси идораи пилаи вилоят, ёхуд директори коллеҷ будани ӯ низ метавон фаровон овард.
Хонадони Сайид Бобоев дар деҳа аз оилаҳои намунавӣ аст. Онҳо бо ҳамсараш Мукаррама Бобоева чор фарзандро ба воя расонданд. Ҳоло се «мағзаки донак» доранд. Духтари калонӣ мураббия аст. Давлатой дар Донишгоҳи давлатии Гулистон, Мафтуна бошад, дар Дорулфунуни Хуҷанд таҳсил доранд. Писарашон Ҷасур кимёгар аст ва алҳол дар корхонаи дорусозии “Сирдарё-фарм” кор мекунад.
Дар биолабораторияи хусусии оилаи Бобоевҳо панҷ нафар мутахассис бо кор таъминанд. Корхона 63 нафар фермери ду хоҷагиро аз рӯйи шартнома бо ҳашароти муфиде, ки кушандаи зараркунандаҳои растаниҳоянд, таъмин мекунад.
Аҳли ин оила боз як хислати наҷиб доранд, онҳо ҳама китобхонанд. Худи Сайид хондани асарҳои таърихиро дӯст медорад.
– Аз носирон асарҳои Садриддин Айнӣ, Сотим Улуғзода ва адиби ҳамдеҳаамон Бекназар, аз нозимон шеърҳои Турсунзода, Лоиқ ва Паймонро гаштаву баргашта мехонам, – мегӯяд ӯ.
Ба наздикӣ оилаи онҳо шастумин солгарди мавлуди Сайид Бобоевро ҷашн гирифтанд. Ҳоло Сайид ба ном дар нафақа, дар асл аз пештара серкортар аст. Ӯ аз фаъолони маҳалла аст ва муаммое нест, ки бе иштироки Сайид ҳаллу фасл шавад. Ва чи хуб, ки чунин мардони ҳамдарди халқ камарбастаи хизмати мардум ҳастанд. Иқболи Лоҳурӣ дар ҳаққи чунинҳо фармудааст:
Дар ин дарё чу мавҷи беқарорам,
Агар дар худ напечам, нестам ман.
Тӯхтамиши БОҚӢ,
хабарнигори
“Овози тоҷик”
дар вилояти Сирдарё.