ДАР ИНДОНЕЗИЯ ПЕШБУРДИ ЗИЁРАТ – САЙЁҲӢ ДАР ӮЗБЕКИСТОН БЕҲТАР МЕШАВАД

Ҳар сол беш аз 1 миллион нафар индонезиён дар давраи Умра ба зиёрат мераванд, дар ин сафар онҳо аз кишварҳои Туркия, Миср, Марокаш низ боздид ба амал меоваранд. Ҳарчанд саҳми Ӯзбекистон дар ин сафарҳо ҳанӯз зиёд нест, миқдори сайёҳони индонезӣ, ки ба кишвари мо меоянд, меафзояд. Чунончи, моҳҳои январ – майи соли равон ин нишондиҳанда нисбати то ҳамин давраи соли гузашта 2,3 баробар афзуд

Ҳар сол беш аз 1 миллион нафар индонезиён дар давраи Умра ба зиёрат мераванд, дар ин сафар онҳо аз  кишварҳои Туркия, Миср, Марокаш низ боздид ба амал меоваранд. Ҳарчанд саҳми Ӯзбекистон дар ин сафарҳо ҳанӯз зиёд нест, миқдори сайёҳони индонезӣ, ки ба кишвари мо меоянд, меафзояд.

Чунончи, моҳҳои январ – майи соли равон ин нишондиҳанда нисбати то ҳамин давраи соли гузашта 2,3 баробар афзуд.
Бо мақсади минбаъд афзудани сайёҳӣ ба Ӯзбекистон аз ҷониби сафоратхонаи мо дар шаҳри Ҷакарта дар доираи анҷумани тиҷоратии Индонезия бинобар сайёҳии ҳалол муаррифӣ баргузор шуд.
Иштирокдорони чорабинӣ бо рушди кунунии мамлакати мо, мероси маънавии он, ёдгориҳои нодири меъморӣ шинос шуданд. Дар ин маврид ба намоиши имкониятҳои зиёрат – сайёҳӣ эътибори зиёд дода шуд. Зикр гардид, ки сарзамини мо ватани олимону мутафаккирони шинохтаи ҷаҳон, аз ҷумла Имом ал-Бухорӣ, Имом ат-Тирмизӣ, Баҳоваддини Нақшбанд, Абӯалӣ ибни Сино, Берунӣ, ал-Хоразмӣ ва дигар шахсони беназири таърихӣ ба шумор меравад.
Ғайр аз ин меҳмонон бо чорабиниҳо бинобар куллан беҳтар кардани хидматрасонӣ дар зиёрат, фароҳам овардани шароити мусоид барои меҳмонони мамлакат, ҷорӣ намудани сертификати «ҳа-лол» барои маҳсулоти хӯрокворӣ ва хидматрасонӣ, пешниҳоди имтиёз ва сабукиҳо барои сармоягузорони хориҷӣ дар саноати сайёҳӣ шинос карда шуданд. 
Дар маросими муаррифӣ иштирокдорон ба саволҳои худ, аз ҷумла бинобар инфрасохтор ва мусоидатҳо баҳри сайёҳони мусалмон посух гирифтанд.
Тавре ки роҳбари Иттиҳодияи сайёҳии ҳалоли ATHIN-и Индонезия Халилинтар Бамбанг зикр намуд, Ӯзбекистон аз ҷумлаи нуқтаҳои нав ва басо пешомадноки сайёҳӣ дар бозори Индонезия ба шумор меравад, ба ин мероси ғановатманди дини ислом, анъанаҳои гуногунранги маданӣ ва сайёҳӣ мусоидат мекунанд. Бинобар ақидаи ӯ Ӯзбекистон торафт дар байни кишварҳое, ки сайёҳони Индонезия мароқ зоҳир мекунанд, мавқеи пешоҳанг пайдо мекунад.
Баробари ин дар бозори матбуоти Индонезия муаррифии шаҳрҳои Ӯзбекистон баргузор карда мешаванд. Чунончи, соли равон гурӯҳи шабакаи телевизионии Net TV дар кишвари мо буд ва бобати имкониятҳои сайёҳии ҷумҳурӣ матолиби видеоӣ тайёр кард. Дар доираи силсилаи барномаҳои Muslim Travelers бахшида ба Самарқанд, ки зиёда аз миллион нафар бонувони Индонезия тамошо кардаанд, лавҳае намоиш дода шуд. Лавҳаи дуввум бахшида ба Тошканд 7 июн дар шабакаи телевизионӣ намоиш дода шуд.

ОА «Дунё», 
шаҳри ҶАКАРТА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: