ДАР ИНТИХОБОТ ЭҲСОСИ ДАХЛДОРӢ БА ТАҚДИРИ ВАТАН ВА ХАЛҚ РАВШАН НАМУДОР ГАРДИД

22 декабр дар кишвари мо интихоботи депутатҳои халқӣ ба Палатаи қонунгузории Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Шӯроҳои депутатҳои халқии вилоятҳо, ноҳия ва шаҳрҳо баргузор шуд.

Дар ҷараёни назорати интихобот беш аз 700 нафар нозирони хориҷӣ ва байналхалқӣ аз ИДМ, СҲШ, БТТА, Конфронси Гаага оид ба ҳуқуқҳои байналхалқии хусусӣ, Шӯрои туркӣ, Ассамблеяи парлумонии Шӯрои ҳамкории давлатҳои туркзабон, ҳамчунин ҳайати пурраи Бюрои оид ба идораҳои демократӣ ва ҳуқуқҳои инсони САҲА иштирок карданд.
Хабарнигорони ӮзА бо баъзе нозирони хориҷӣ, ки дар интихоботи таҳти шиори «Ӯзбекистони нав – интихоботи нав» баргузоршуда ширкат ҷустанд, суҳбат карда, фикру ақидаҳои онҳоро бинобар ин ҷараёни сиёсӣ шуниданд.
Каэтана ДЕ ЗУЛУЕТА, роҳбари ҳайати нозирони интихоботи Бюрои оид ба идораҳои демократӣ ва ҳуқуқҳои инсон (БИДҲИ):
– Интихобот дар кишварҳои гуногун ба тарзи хос мегузаранд. Вале мақсад аз онҳо ягона, яъне ба номзадҳои муносиб овоз додан мебошад. Дар ИМА интихобот ба тарзи электронӣ, дар Иттиҳоди Аврупо бошад, чун дар Ӯзбекистон аз тариқи бюллетенҳои интихобот баргузор мегарданд.
Намояндагони САҲА БИДҲИ дар тамоми Ӯзбекистон ҷараёни интихоботро мушоҳида карданд. Мо бинобар натиҷаи мушоҳидаҳоямон хулосаҳои худро тақдим хоҳем кард.
Дар баъзе ҷойҳо дар бюллетенҳо набудани қатори овоздиҳии муқобил ба интихобкунандагон зикр гардид. Набояд фаромӯш кард, ки чунин қатор дар бюллетенҳои интихоботии бисёр давлатҳо низ вуҷуд надорад. Ин чиз барои дар рӯҳи демократӣ гузаштани интихобот таъсир намерасонад.
Сергей ЛЕБЕДЕВ, роҳбари ҳайати мушоҳидони Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Раиси Кумитаи иҷроияи ИДМ – Котиби иҷроия:
– Нозирони ҳайати Кумитаи иҷроияи ИДМ, инак як моҳ боз дар ҳудудҳои гуногуни кишваратон ҷараёни тайёрӣ ба интихоботро меомӯзанд. Ҳайати мо дар тамоми ҷараёнҳои пешазинтихоботӣ бо Комиссияи марказии интихоботи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, сохторҳои ба гузаронидани интихобот алоқаманд, аз ҷумла, Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати корҳои хориҷӣ, Прокуратураи генералӣ аз наздик ҳамкорӣ карданд.
Дар Ӯзбекистон бори аввал Кодекси нави интихобот қабул карда шуда, дар он тамоми тартибу дастурҳои ҳуқуқи интихоботи байналхалқӣ мушаххас гардиданд. Метавон гуфт, ки кодекс кафолати озодона ифода кардани ирода ва хоҳиши шаҳрвандони Ӯзбекистон мебошад.
Маъракаи интихобот хуб ташкил карда шудааст. Барои он ки дар ҷараёни овоздиҳӣ нуқсонҳо набошанд, озодона овоз додани шаҳрвандон таъмин гардад, тамоми чораҳои зарурӣ андешида шудаанд. Ин ҷиҳат бошад, кафолати мувофиқи хоҳиши халқ анҷом гирифтани натиҷаҳои интихобот хоҳад шуд.
Кристоф БЕРНАСКОНИ, нозири байналхалқӣ (Нидерландия):
– Ба муносибати дар мамлакати шумо гузаронида шудани интихобот мо се рӯз дар Тошканд фаъолият доштем. Барои бо ҷараёни тайёрӣ ба воқеаи муҳими сиёсӣ бевосита шинос шудан ҳамаи имкониятҳо фароҳам буданд. Метавонам бигӯям, ки дар ин ҷо барои аз ҳуқуқи интихобкунии худ озодона истифода бурдани шаҳрвандон тамоми шароитҳо муҳайё карда шудаанд. Ҳамчун мушоҳиди байналхалқӣ мехостам корҳои дар ин бобат иҷрошударо махсус таъкид намоям.
Агар бевосита дар бораи ҷараёни интихобот сухан гуфтанӣ бошам, ман дар қитъаи интихоботии 218-уми ноҳияи Мирободи шаҳри Тошканд будам ва ҷараёни овоздиҳии шаҳрвандон, тарзи кори комиссияи интихоботӣ, фаъолияти вакилони боэътимодро мушоҳида кардам. Интихобот дар рӯҳи баланд, савияи хуб ва мувофиқи Кодекси нави интихобот, ки бори аввал қабул шудааст, ошкоро ва рӯшод гузашт.
Алмутава ҶАСИМ ИСО, мушовири Вазорати савдо ва саноати Аморати Муттаҳидаи Араб, нозири байналхалқӣ:
– Ман дар қитъаҳои интихоботӣ ҷараёни овоздиҳии шаҳрвандон, таъмин гардидани ҳуқуқҳои онҳоро мушоҳида кардам ва дар ягон ҷо ба ҳолати вайроншавии қонун дучор наомадам. Ба ман пойгоҳи ягонае, ки иштироки озодонаи интихобкунандагонро таъмин мекунад, таассуроти бузург гузошт. Ба интихобот тайёрии пухта дида шудааст. Дар байни номзадҳо мавҷуд будани занону духтарон ва ҷавонон хурсандиовар мебошад.
Ман дар Интихоботи президентӣ, ки се сол муқаддам дар мамлакати шумо ба вуқӯъ пайваста буд, низ иштирок карда, шоҳиди саъю кӯшишҳои аҳолии кишвар ба оянда, ба мақсадҳои нек гардида будам. Алҳол ба туфайли ин интихобот дар мамлакат ҷараёнҳои демократӣ ва озодии сухан таъмин мегарданд. Ин маънои онро дорад, ки интихобот дуруст ба роҳ монда шудааст.
Бовар дорам, ки депутатҳое, ки аз байни номзадҳо интихоб мешаванд, ин бор ҳам барои ояндаи Ӯзбекистон меҳнат карда, баҳри беш аз пеш инкишоф ёфтани он ва беҳтар шудани ҳаёти аҳолӣ ба тарзи муносиб ширкат мекунанд.
Наргис РАҲМОНОВА, вакили ҳайати нозирони Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ (Тоҷикистон):
– Тағйирот ва иловаҳое, ки ба қонунгузории интихоботии мамлакататон ворид карда шудаанд, имкон доданд, ки интихоботи имсола ба маънои пурраи сухан дар рӯҳи нав ташкил карда шавад.
Дар интихобот иштироки озодона ва баробарҳуқуқи ҳизбҳои сиёсӣ ва ҳар як шаҳрванд таъмин карда шудааст. Барои онҳо дар асоси меъёрҳои байналхалқии аз ҷониби умум эътирофшуда шароитҳо фароҳам оварда шудаанд. Ман дар қитъаҳои интихоботӣ ҷараёни онро мушоҳида кардам ва дидам, ки дар ҳама ҷойҳо интихобот комилан дар пояи қонунгузорӣ гузаштанд.
Мехостам санадеро, ки ба масъалаи баробарии гендерӣ алоқаманд аст, ба сифати намуна қайд намоям: дар асоси Кодекси интихоботи Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар байни номзадҳо ба депутатӣ аз 30 фоиз кам нашудани миқдори умумии занону духтарон муайян карда шудааст. Ба ин маънӣ 45 фоизи номзадҳо бонувон мебошанд, ки маро басо хушнуд кард. Ин далели  аҳамияти мунтазам додани мамлакат ба  таъмин шудани ҳуқуқи занону духтарон мебошад.

ӮзА.
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: